|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Суол кардан аз Исо алайҳиссалом, ки дар вуҷуд аз ҳамаи саъбҳо саъбтар чист?Гуфт Исоро яке ҳушёрсар: «Чист дар ҳастӣ зи ҷумла саъбтар?» Гуфт: «Эй ҷон, саъбтар хашми Худо, Ки аз он дӯзах ҳамеларзад чу мо». Гуфт: «Аз ин хашми Худо чӣ бвад амон?» Гуфт: «Тарки хашми хеш андар замон». Пас авон, ки маъдани ин хашм гашт, Хашми зишташ аз сабуъ ҳам даргузашт. Чӣ умедасташ ба раҳмат? Ҷуз магар Боз гардад з-он сифат он беҳунар. Гарчи оламро аз эшон чора нест, Ин сухан андар залол афганданист. Чора набвад ҳам ҷаҳонро аз чамин, Лек набвад он чамин моъи маъин.
5/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|