|
|
|
|
Маъшуқро зери чодар пинҳон кардан ҷиҳати талбис ва бегона гуфтани зан, ки «инна кайда кунна азимун»Чодари худро бар ӯ афганд зуд, Мардро зан сохту дарро баргушуд. Зери чодар мард расвову аён, Сахт пайдо чун шутур бар нардбон. Аз тааҷҷуб гуфт сӯфӣ: «Чист ин? Ҳаргиз инро ман надидам, кист ин?» Гуфт: «Хотунест аз аъёни шаҳр, Мар варо аз молу иқбол аст баҳр. Дар бибастам, то касе, бегонае Дарнаёяд зуд нодононае». Гуфт сӯфӣ: «Чисташ, ҳин, хидмате? То барорам бесипосу миннате». Гуфт: «Майлаш хешиву пайвастагист, Нек хотунест, Ҳақ донад, ки кист. Хост духтарро бибинад зердаст, Иттифоқан духтар андар мактаб аст. Боз гуфт: «Ар орд бошад ё субӯс, Мекунам ӯро ба ҷону дил арӯс. Як писар дорад, ки андар шаҳр нест, Хубу зирак, чобуку максабкунест». Гуфт сӯфӣ: «Мо фақиру зору кам, Қавми хотун молдору мӯҳташам. Кай бувад ин куфви эшон дар зивоҷ? Як дар аз чӯбу даре дигар зи оҷ. Куфв бояд ҳар ду ҷуфт андар никоҳ В-арна танг ояд, намонад иртиёҳ».
8/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|