|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Гуфтани зан, ки ӯ дар банди ҷиҳоз нест, муроди ӯ ситр салоҳ аст ва ҷавоб гуфтани сӯфӣ инро сарпӯшидаГуфт: «Гуфтам ман чунин узреву ӯ Гуфт: На! Ман нестам асбобҷӯ. Мо зи молу зар малулу тухмаем, Мо ба ҳирсу ҷамъ на чун омаем. Қасди мо ситр асту покиву салоҳ, Дар ду олам худ бад-он бошад фалоҳ». Боз сӯфӣ узри дарвешӣ бигуфт В-он мукаррар кард, то набвад ниҳуфт. Гуфт зан: «Ман ҳам мукаррар кардаам, Беҷиҳозиро муқаррар кардаам. Эътиқоди ӯст росихтар зи кӯҳ, Ки зи сад фақраш намеояд шикӯҳ. ӯ ҳамегӯяд: «Муродам иффат аст, Аз шумо мақсуд сидқу ҳиммат аст». Гуфт сӯфӣ: «Худ ҷиҳозу моли мо Диду мебинад ҳувайдову хафо. Хонаи танге, мақоми як тане, Ки дар ӯ пинҳон намонад сӯзане. Боз ситру покиву зӯҳду салоҳ ӯ зи мо беҳ донад андар интисоҳ. Беҳ зи мо медонад ӯ аҳволи ситр В-аз пасу пешу сару дунболи ситр. Зоҳиран ӯ беҷиҳозу ходим аст В-аз салоҳу ситр ӯ худ олим аст. Шарҳи мастурӣ зи бобо шарт нест, Чун бар ӯ пайдо чу рӯзи равшанест. Ин ҳикоятро бад-он гуфтам, ки то Лоф кам бофӣ, чу расво шуд хато. Мар туро, эй ҳам ба даъвӣ мустазод, Ин будастат иҷтиҳоду эътиқод. Чун зани сӯфӣ ту хоин будаӣ, Доми макр андар дағо бигшудаӣ, Ки зи ҳар ношустарӯе, гапзане Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не.
9/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|