|
Баёни он ки маҷмӯъи олам сурати ақли кулл аст, чун бо ақли кулл ба кажравӣ ҷафо кардӣ, сурати олам туро ғам физояд, ағлаби аҳволро, чунон ки дил бо падар бад кардӣ сурати падар ғам физояд туро ва натавонӣ рӯяшро дидан, агарчи пеш аз он нури дида буда бошаду роҳати ҷонКулли олам сурати ақли кул аст, К-ӯст бобои ҳар он, к-аҳли «қул» аст. Чун касе бо ақли кул куфрон фузуд, Сурати кул пеши ӯ ҳам саг намуд. Сулҳ кун бо ин падар, оқӣ биҳил, То ки фарраш зар намояд обу гил. Пас қиёмат нақди ҳоли ту бувад, Пеши ту чарху замин мубдал шавад. Ман, ки сулҳам доимо бо ин падар, Ин ҷаҳон чун ҷаннат астам дар назар. Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол, То зи нав дидан фурӯ мирад малол. Ман ҳамебинам ҷаҳонро пурнаъим, Обҳо аз чашмаҳо ҷӯшон муқим. Бонги обаш мерасад дар гӯши ман, Маст мегардад замиру ҳуши ман. Шохаҳо рақсон шуда чун тойибон, Баргҳо кафзан мисоли мутрибон. Барқи ойинаст ломеъ аз намад, Гар намояд ойина, то чун бувад? Аз ҳазорон менагӯям ман яке, З-он ки огандаст ҳар гӯш аз шаке. Пеши ваҳм ин гуфт мужда додан аст, Ақл гӯяд: «Мужда чӣ? Нақди ман аст».
Саҳифаи 125/140 |