|
Рафтани Зулқарнайн ба кӯҳи Қоф ва дархост кардан, ки эй кӯҳи Қоф! Аз азимати сифати Ҳақ моро бигӯ ва гуфтани кӯҳи Қоф, ки сифати азимати ӯ дар гуфт наёяд, ки пеши он идрокҳо фано шавад ва лоба кардани Зулқарнайн, ки аз саноеъаш, ки дар хотир дорӣ ва бар ту гуфтани он осонтар бувад, бигӯйРафт Зулқарнайн сӯйи кӯҳи Қоф Дид ӯро, к-аз зумуррад буд соф. Гирди олам ҳалқа гашта ӯ муҳит, Монд ҳайрон андар он халқи басит. Гуфт: «Ту кӯҳӣ, дигарҳо чистанд, Ки ба пеши узми ту бозистанд?» Гуфт: «Рагҳои мананд он кӯҳҳо, Мисли ман набванд дар ҳусну баҳо. Ман ба ҳар шаҳре раге дорам ниҳон, Бар уруқам баста атрофи ҷаҳон. Ҳақ чу хоҳад зилзилай шаҳре маро, Гӯяд ӯ, ман барҷаҳонам ирқро. Пас биҷунбонам ман он рагро ба қаҳр, Ки бад-он раг муттасил гаштаст шаҳр. Чун бигӯяд бас, шавад сокин рагам, Сокинам в-аз рӯйи феъл андар тагам. Ҳамчу марҳам сокину бас коркун, Чун хирад сокин в-аз ӯ ҷунбон сухун». Назди он кас, ки надонад ақлаш ин, Зилзила ҳаст аз бухороти замин.
Саҳифаи 138/140 |