|
Нишон хостани Абдулмутталиб аз мавзеъи Муҳаммад алайҳиссалом, ки куҷо-ш ёбам? Ва ҷавоб омадан аз андаруни Каъба ва нишон ёфтанАз даруни Каъба овозаш расид, Гуфт: «Эй ҷӯянда! Он тифли рашид Дар фалон водист, зери он дарахт, Пас равон шуд зуд пири некбахт. Дар рикоби ӯ амирони Қурайш, З-он ки ҷаддаш буд з-аъёни Қурайш. То ба пушти Одам, аслофаш ҳама, Меҳтарони базму разму малҳама. Ин насаб худ пӯст ӯро будааст, К-аз шаҳаншоҳони меҳ полудааст. Мағзи ӯ худ аз насаб дур асту пок, Нест ҷинсаш аз Самак кас то Симок. Нури Ҳақро кас наҷӯяд зоду буд, Хилъати Ҳақро чи ҳоҷат тору пуд? Камтарин хилъат, ки бидҳад дар савоб, Барфизояд бар тирози офтоб.
Саҳифаи 42/140 |