 |
Даромадани Сулаймон, алайҳиссалом ҳар рӯз дар масҷиди Ақсо баъд аз тамом шудан ҷиҳати ибодат ва иршоди обидон ва мӯътакифон ва рустани ақоқир дар масҷидҲар сабоҳе чун Сулаймон омадӣ, Хозеъ андар масҷиди Ақсо шудӣ. Навгиёҳе руста дидӣ андар ӯ, Пас бигуфтӣ: «Ному нафъи худ бигӯ, Ту чӣ доруӣ, чиӣ, номат чӣ аст? Ту зиёни киву нафъат бар кӣ аст?» Пас бигуфтӣ ҳар гиёҳе феълу ном, Ки ман онро ҷонаму винро ҳамом. Ман мар инро заҳраму ӯро шакар, Номи ман ин аст бар лавҳ аз қадар. Пас табибон аз Сулаймон, з-он гиё Олиму доно шудандӣ муқтадо. То кутубҳои табибӣ сохтанд, Ҷисмро аз ранҷ мепардохтанд. Ин нуҷуму тибб ваҳйи анбиёст, Ақлу ҳисро сӯйи бесӯ раҳ куҷост? Ақли ҷузвӣ ақли истихроҷ нест, Ҷуз пазирои фану мӯҳтоҷ нест. Қобили таълиму фаҳм аст ин хирад, Лек соҳибваҳй таълимаш диҳад. Ҷумла ҳирфатҳо яқин аз ваҳй буд, Аввали ӯ, лек ақл онро фузуд. Ҳеч ҳирфатро бибин, к-ин ақли мо Тонад ӯ омӯхтан бе усто? Гарчи андар макру мӯй ишкоф буд, Ҳеч пеша ром бе усто нашуд. Дониши пеша аз ин ақл ар будӣ, Пешае бе усто ҳосил шудӣ!
Саҳифаи 50/140 |