|
Қиссаи сӯфӣ, ки дар миёни гулистон сар ба зону муроқиб буд, ёронаш гуфтанд: сар баровар, тафарруҷ кун бар гулистон ва раёҳину мурғон ва осори раҳмати Аллоҳи таъолоСӯфие дар боғ аз баҳри гушод Сӯфиёна рӯй бар зону ниҳод. Пас фурӯ рафт ӯ ба худ андар нуғул, Шуд малул аз сурати хобаш фазул. Ки чӣ ҷустӣ? Охир андар раз нигар, Ин дарахтон бину осору хузар. Амри Ҳақ бишнав, ки гуфтаст: «Унзуру, Сӯйи ин осори раҳмат ор рӯ». Гуфт: «Осораш дил аст, эй булҳавас! Он бурун осори осор асту бас. Боғҳову сабзаҳо дар айни ҷон, Бар бурун аксаш чу дар оби равон. Он хаёли боғ бошад андар об, Ки кунад аз лутфи об он изтироб. Боғҳову меваҳо андар дил аст, Акси лутфи он бар ин обу гил аст. Гар набудӣ акси он сирру сурур, Пас нахондӣ эзидаш дорулғурур. Ин ғурур он аст, яъне ин хаёл, Ҳаст аз акси дилу ҷони риҷол. Ҷумла мағрурон бар ин акс омада, Бар гумоне, к-ин бувад ҷаннаткада. Мегурезанд аз усули боғҳо, Бар хаёле мекунанд он лоғҳо. Чунки хоби ғафлат оядшон ба сар, Рост бинанду чӣ суд аст он назар? Пас ба гӯристон ғирев афтоду оҳ, То қиёмат з-ин ғалат, воҳасрато. Эй хунук онро ки пеш аз марг мурд, Яъне ӯ аз асли ин зар бӯй бурд.
Саҳифаи 52/140 |