|
Дар баёни он ки «тарку-л-ҷавоби ҷавобун», муқаррари ин сухан, ки «ҷавобу-л-аҳмақи сукутун», шарҳи ин ҳар ду дар ин қисса аст, ки гуфта меоядБуд шоҳе, буд ӯро бандае, Мурдаақле буду шаҳватзиндае. Хурдаҳои хидматаш бигзоштӣ, Бад сиголидӣ, накӯ пиндоштӣ. Гуфт шоҳаншаҳ ҷироаш кам кунед В-ар биҷангад, номаш аз хат барзанед. Ақли ӯ кам буду ҳирси ӯ фузун, Чун ҷиро кам дид, шуд тунду ҳарун. Ақл будӣ, гирди худ кардӣ тавоф, То бидидӣ ҷурми худ, гаштӣ муъоф. Чун харе побаста тундад аз харӣ, Ҳар ду пояш баста гардад бар саре. Пас бигӯяд хар, ки як бандам бас аст, Худ мадон, к-он ду зи феъли он хас аст.
Саҳифаи 56/140 |