|
Заҷри муддаъӣ аз даъвӣ ва амр кардан ӯро ба мутобиатБӯмусайлим гуфт: «Худ ман Аҳмадам, Дини Аҳмадро ба фан барҳам задам». Бӯмусайлимро бигӯ, кам кун батар, Ғарраи аввал машав, охир нигар. Ин қаловузӣ макун аз ҳирси ҷамъ, Пасравӣ кун, то равад дар пеш шамъ. Шамъ мақсадро намояд ҳамчу моҳ, К-ин тараф донаст ё худ домгоҳ? Гар бихоҳӣ в-ар нахоҳӣ, бо чароғ Дида гардад нақши бозу нақши зоғ. В-арна ин зоғон дағал афрӯхтанд, Бонги бозони сапед омӯхтанд. Бонги ҳудҳуд гар биёмӯзад фато, Рози ҳудҳуд куву пайғоми Сабо? Бонги барруста зи барбаста бидон, Тоҷи шоҳонро зи тоҷи ҳудҳудон. Ҳарфи дарвешону нуктай орифон Бастаанд ин беҳаёён бар забон. Ҳар ҳалоки уммати пешин, ки буд, З-он ки чандалро гумон бурданд уд. Будашон тамйиз, к-он музҳар кунад, Лек ҳирсу оз кӯру кар кунад. Кӯрии кӯрон зи раҳмат дур нест, Кӯрии ҳирс аст, к-он маъзур нест. Чормехи шаҳ зи раҳмат дур не, Чормехи ҳосидӣ мағфур не. Моҳиё! Охир нигар, бингар ба шаст, Бадгулӯе чашми охирбин-т баст. Бо ду дида аввалу охир бибин, Ҳин, мабош аъвар чу Иблиси лаъин. Аъвар он бошад, ки ҳоли диду бас, Чун баҳоим бехабар аз бозпас. Чун ду чашми гов дар ҷурми талаф, Ҳамчу як чашм аст, к-иш набвад шараф. Нисфи қимат арзад он ду чашми ӯ, Ки ду чашмашрост маснад чашми ту. В-ар канӣ як чашми одамзодае, Нисфи қимат лоиқ аст аз ҷодае. З-он ки чашми одамӣ танҳо ба х(в)ад Бе ду чашми ёр коре мекунад. Чашми хар чун аввалаш беохир аст, Гар ду чашмаш ҳаст, ҳукмаш аъвар аст. Ин сухан поён надорад в-он хафиф Менависад руқъа дар тамъи рағиф.
Саҳифаи 65/140 |