|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر چهاروم |
|
|
Шунидани шайх Абулҳасан хабар додани Абӯязидро аз будан ва аҳволи ӯҲамчунон омад, ки ӯ фармуда буд, Булҳасан аз мардумон онро шунуд, Ки Ҳасан бошад муриду умматам, Дарс гирад ҳар сабоҳ аз турбатам. Гуфт: «Ман ҳам низ хобаш дидаам В-аз равони шайх ин бишнидаам». Ҳар сабоҳе рӯ ниҳодӣ сӯйи гӯр, Истодӣ то зуҳо андар ҳузур. Ё мисоли шайх пешаш омадӣ, Ё ки бе гуфте шиколаш ҳал шудӣ. То яке рӯзе биёмад бо суъуд, Гӯрҳоро барфи нав пӯшида буд. Тӯйи бар тӯ барфҳо ҳамчун алам Қубба-қубба диду шуд ҷонаш ба ғам. Бонгаш омад аз ҳазирай шайхи ҳай: «Ҳо ано адъука кай тасъо илай. Ҳин, биё ин сӯ, бар овозам шитоб, Олам ар барф аст, рӯй аз ман матоб». Ҳоли ӯ з-он рӯз шуд хубу бидид Он аҷоибро, ки аввал мешунид.
Саҳифаи 74/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|