 |
Қиссаи он ки касе ба касе машварат мекард, гуфташ машварат бо дигаре кун, ки ман адувви туамМашварат мекард шахсе бо касе, К-аз тараддуд вораҳад в-аз маҳбасе. Гуфт: «Эй хушном, ғайри ман биҷӯ, Моҷарои машварат бо ӯ бигӯ. Ман адуввам мар туро, бо ман мапеч, Набвад аз ройи адӯ пирӯз ҳеч. Рав касе ҷӯ, ки туро ӯ ҳаст дӯст, Дӯст баҳри дӯст лошак хайрҷӯст. Ман адуввам, чора набвад к-аз манӣ Каж равам, бо ту намоям душманӣ. Ҳорисӣ аз гург ҷустан шарт нест, Ҷустан аз ғайри маҳал ноҷустанист. Ман туро бе ҳеч шакке душманам, Ман туро кай раҳнамоям? Раҳзанам». Ҳар кӣ бошад ҳамнишини дӯстон, Ҳаст дар гулхан, миёни бӯстон. Ҳар кӣ бо душман нишинад дар заман, Ҳаст ӯ дар бӯстон дар гулхан. Дӯстро м-озор аз мову манат, То нагардад дӯст хасму душманат. Хайр кун бо халқ баҳри Эзадат, Ё барои роҳати ҷони х(в)адат. То ҳамора дӯст бинӣ дар назар, Дар дилат н-ояд зи кин нохуш сувар. Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун, Машварат бо ёри меҳрангез кун». Гуфт: «Медонам туро, эй Булҳасан, Ки туӣ дерина душмандори ман. Лек марди оқиливу маънавӣ, Ақли ту нагзорадат, ки каж равӣ. Табъ хоҳад, то кашад аз хасм кин, Ақл бар нафс аст банди оҳанин, Ояду манъаш кунад, водорадаш, Ақл чун шаҳнаст дар неку бадаш. Ақли имонӣ чу шаҳнай одил аст, Посбону ҳокими шаҳри дил аст. Ҳамчу гурба бошад ӯ бедорҳуш, Дузд дар сӯрох монад ҳамчу муш. Дар ҳар он ҷо, ки барорад муш даст, Нест гурба ё ки нақши гурба аст. Гурбаи чӣ? Шери шерафган бувад, Ақли имонӣ, ки андар тан бувад. Ғурраи ӯ ҳокими даррандагон, Наъраи ӯ монеъи чаррандагон. Шаҳр пурдузд асту пур ҷомакане, Хоҳ шаҳна бош гӯву хоҳ не.
Саҳифаи 76/140 |