|
Баёни ин хабар, ки «каллиму ан-носа ало қадри уқулиҳим ло ало қадри уқуликум, ҳатто ло юказзаба-л-лоҳу ва расулуҳ»Чунки бо кӯдак сару корам фитод, Ҳам забони кӯдакон бояд гушод. Ки бирав ӯ куттоб, то мурғат харам, Ё мавизу ҷавзу фустуқ оварам. Ҷуз шитоби тан намедонӣ, бигир, Ин ҷавониро бигир, эй хар, шаъир. Ҳеч ожанге наяфтад бар рухат, Тоза монад он шабоби фаррухат. На нажанди пирият ояд ба рӯ, На қади чун сарви ту гардад дутӯ. На шавад зӯри ҷавонӣ аз ту кам, На ба дандонҳо халалҳо ё алам. На камӣ дар шаҳвату тамсу биъол, Ки занонро ояд аз заъфат малол. Ончунон бигшоядат фарри шабоб, Ки гушуд он муждаи уккоша боб.
Саҳифаи 101/140 |