|
Машварат кардани Фиръавн бо вазираш Ҳомон дар имон овардан ба Мӯсо, алайҳиссаломГуфт бо Ҳомон чу танҳояш бидид, Ҷаст Ҳомону гиребонро дарид. Бонгҳо зад, гиряҳо кард он лаъин, Кӯфт дастору кулаҳро бар замин. Ки чӣ гуна гуфт андар рӯйи шоҳ Инчунин густох он ҳарфи табоҳ? Ҷумла оламро мусаххар карда ту, Корро бо бахт чун зар карда ту. Аз Машориқ в-аз Мағориб бе лиҷоҷ Сӯйи ту оранд султонон хироҷ. Подшоҳон лаб ҳамемоланд шод, Бар сатонай хоки ту, эй Кайқубод! Асби ёғӣ чун бибинад асби мо, Рӯ бигардонад, гурезад беасо. То кунун маъбуду масҷуди ҷаҳон Будаӣ, гардӣ каминай бандагон? Дар ҳазор оташ шудан, з-ин хуштар аст, Ки Худованде шавад бандапараст. На, бикуш аввал маро, эй шоҳи Чин, То набинад чашми ман бар шоҳ ин. Хусраво! Аввал маро гардан бизан, То набинад ин мазаллат чашми ман. Худ набудасту мабодо инчунин, Ки замин гардун шавад, гардун замин. Бандагонмон хоҷатоши мо шаванд, Бедилонмон дилхароши мо шаванд. Чашмравшан душманону дӯст кӯр, Гашт моро пас гулистон қаъри гӯр.
Саҳифаи 106/140 |