|
Ваҳй кардани Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом, ки эй Мӯсо, ман ки холиқам таъоло, туро дӯст медорамГуфт Мӯсоро ба ваҳйи дил Худо, К-эй гузида, дӯст медорам туро. Гуфт: «Чӣ хислат бувад, эй зулкарам, Мӯҷиби он? То ман он афзун кунам». Гуфт: «Чун тифле ба пеши волида Вақти қаҳраш даст ҳам дар вай зада. Худ надонад, ки ҷуз ӯ дайёр ҳаст, Ҳам аз ӯ махмур, ҳам аз ӯст маст. Модараш гар силие бар вай занад, Ҳам ба модар ояду бар вай танад. Аз касе ёрӣ нахоҳад ғайри ӯ, ӯст ҷумла шарри ӯву хайри ӯ. Хотири ту ҳам зи мо дар хайру шар Илтифоташ нест ҷоҳои дигар. Ғайри ман пешат чу санг асту кулӯх, Гар сабиву гар ҷавону гар шуюх. Ҳамчунон к- «ийёка наъбуд» дар ҳанин, Дар бало аз ғайри ту «ло настаъин». Ҳаст ин «ийёка наъбуд» ҳасрро Дар луғат в-он аз пайи нафйи риё. Ҳаст «иёка настаъин» ҳам баҳри ҳаср, Ҳаср карда истиъонатрову қаср. Ки ибодат мар туро орему бас, Тамъи ёрӣ ҳам зи ту дорему бас.
Саҳифаи 113/140 |