|
Аломати оқили тамом ва нимоқил ва марди тамом ва ниммард ва аломати шақии мағрури лошайОқил он бошад, ки ӯ бо машъала-ст, ӯ далелу пешвои қофила-ст. Пайрави нури худ аст он пешрав, Тобеъи хеш аст он бехешрав. Мӯъмини хеш асту имон оварид, Ҳам бад-он нуре, ки ҷонаш з-ӯ чарид. Дигаре, ки нимоқил омад ӯ, Оқилеро дидаи худ донад ӯ. Даст дар вай зад чу кӯр андар далел, То бад-ӯ бино шуду чусту ҷалил. В-он харе, к-аз ақл ҷавсанге надошт, Худ набудаш ақлу оқилро гузошт. Раҳ надонад, на касиру на қалил, Нангаш ояд омадан халфи далел. Меравад андар биёбони дароз, Гоҳ лангон ойису гоҳе ба тоз. Шамъ на, то пешвои х(в)ад кунад, Нимшамъе на, ки нуре кад кунад. Нест ақлаш, то дами зинда занад, Нимақле на, ки худ мурда кунад. Мурдаи он оқил ояд ӯ тамом, То барояд аз нишеби худ ба бом. Ақл комил нест, худро мурда кун Дар паноҳи оқили зиндасухун. Зинда не, то ҳамдами Исо бувад, Мурда не, то дамгаҳи Исо шавад. Ҷони кӯраш гом ҳар сӯ мениҳад, Оқибат наҷҳад, вале бармеҷаҳад.
Саҳифаи 83/140 |