|
Сирри хондани вузӯкунанда авроди вузӯроДар вузӯ ҳар узвҳо вирде ҷудо Омадаст андар хабар баҳри дуъо Чунки истиншоқи бинӣ мекунӣ, Бӯйи ҷаннат хоҳ аз рабби ғанӣ. То туро он бӯ кашад сӯйи ҷинон, Бӯйи гул бошад далели гулбунон. Чунки истинҷо кунӣ, вирду сухун, Ин бувад, ё раб, ту з-инам пок кун. Дасти ман ин ҷо расид, инро бишуст, Дастам андар шустани ҷон аст суст. Эй зи ту кас гашта ҷони нокасон, Дасти фазли туст дар ҷонҳо расон. Ҳадди ман ин буд кардам ман лаъим, З-он сӯйи ҳадро нақӣ кун, эй карим! Аз ҳадас шустам, Худоё, пӯстро, Аз ҳаводис ту бишӯ ин, дӯстро.
Саҳифаи 85/140 |