|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر چهاروم |
|
|
Тафсири «кунту канзан махфиян фааҳбабту ан уъраф»Хона баркан, к-аз ақиқи ин Яман Сад ҳазорон хона шояд сохтан. Ганҷ зери хона асту чора нест, Аз харобий хона м-андешу маист. Ки ҳазорон хона аз як нақди ганҷ Тон иморат кард бетаклифу ранҷ. Оқибат ин хона худ вайрон шавад, Ганҷ аз зераш яқин урён шавад. Лек они ту набошад, з-он ки рӯҳ Музди вайрон кардан асташ он футӯҳ. Чун накард он кор, муздаш ҳаст? «Ло», «Лайса лилинсони илло мо саъо». Даст хойӣ баъд аз он ту, к-эй дареғ! Инчунин моҳе буд андар зери меғ? Ман накардам он чӣ гуфтанд аз беҳӣ, Ганҷ рафту хонаву дастам тиҳӣ. Хонаи уҷрат гирифтиву киро, Нест милки ту ба байъе ё широ. Ин кироро муддати ӯ то аҷал, То дар ин муддат кунӣ дар вай амал. Порадӯзӣ мекунӣ андар дукон, Зери ин дуккони ту мадфун ду кон. Ҳаст ин дуккон кироӣ, зуд бош, Теша бистону тагашро метарош. То ки теша ногаҳон бар кон ниҳӣ, Аз дукону порадӯзӣ вораҳӣ. Порадӯзӣ чист? Хӯрди обу нон, Мезанӣ ин пора бар далқи гарон. Ҳар замон медаррад ин далқи танат, Пора бар вай мезанӣ з-ин хӯрданат. Эй зи насли подшоҳи комёр, Бо худ о, з-ин порадӯзӣ нанг дор. Порае баркан аз ин қаъри дукон, То барорад сар ба пеши ту ду кон. Пеш аз он к-ин мӯҳлати хонай кирӣ Охир ояд, ту нахӯрда з-ӯ баре. Пас туро берун кунад соҳибдукон В-ин дуконро барканад аз рӯйи кон. Ту зи ҳасрат гоҳ бар сар мезанӣ, Гоҳ риши хоми худ бармеканӣ. К-эй дареғо, они ман буд ин дукон, Кӯр будам, барнахӯрдам з-ин макон. Эй дареғо, буди моро бурд бод, То абад «ё ҳасрато» шуд «ли-л-ъибод».
Саҳифаи 99/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|