|
Баёни он, ки нур, ки ғизои ҷон аст, ғизои ҷисми авлиё мешавад, то ӯ ҳам ёр мешавад рӯҳро, ки «аслама шайтони ало ядӣ»Гарчи он матъуми ҷон асту назар, Ҷисмро ҳам з-он насиб аст, эй писар! Гар нагаштӣ деви ҷисм онро акул, «Аслама-ш-шайтон» нафармудӣ расул. Дев з-он луте, ки мурда ҳай шавад, То наёшомад, мусулмон кай шавад? Дев бар дунёст ошиқ, кӯру кар, Ишқро ишқе дигар буррад магар. Аз ниҳонхонай яқин чун мечашад, Андак-андак рахти ишқ он ҷо кашад. «Ё ҳарису-л-батн, арриҷ ҳоказо, Иннама-л-минҳоҷу табдилу-л-ғизо. Ё маризу-л-қалб, арриҷ ли-л-илоҷ, Ҷумлату-т-тадбири табдилу-л-мизоҷ. Айюҳа-л-маҳбусу фи раҳни-т-таъом, Савфа танҷу ин таҳаммалта-л-фитом. Инна фи-л-ҷӯъи таъомун вофиру, Ифтақидҳо в-артаҷи ё нофиру! Иғтази биннури кун мисла-л-басар, Вофиқу-л-амлока ё хайру-л-башар!» Чун малак тасбеҳи Ҳақро кун ғизо, То раҳӣ ҳамчун малоик аз «изо». Ҷабрайил ар сӯйи ҷифа кам танад, ӯ ба қувват кай зи каргас кам занад? Ҳаббазо, хоне ниҳода дар ҷаҳон, Лек аз чашми хасисон бас ниҳон. Гар ҷаҳон боғе пур аз неъмат шавад, Қисми мушу мӯр ҳам хоке бувад.
Саҳифаи 13/177 |