|
МуноҷотЭй Худои беназир, исор кун, Гӯшро чун ҳалқа додӣ з-ин сухун. Гӯши мо гиру бад-он маҷлис кашон, К-аз раҳиқат мехӯранд он сарх(в)ашон. Чун ба мо бӯйе расонидӣ аз ин, Сар мабанд он мушкро, эй рабби дин! Аз ту нӯшанд, ар зукуранд, ар унос, Бе дареғе дар ато ё мустағос! Эй дуъо ногуфта аз ту мустаҷоб, Дода дилро ҳар даме сад фатҳи боб. Чанд ҳарфе нақш кардӣ аз руқум, Сангҳо аз ишқи он шуд ҳамчу мум. «Нун»-и абрӯ, «сод»-и чашму «ҷим»-и гӯш Барнавиштӣ фитнаи сад ақлу ҳуш. З-он ҳуруфат, шуд хирад борикрес, Насх мекун, эй адиби хушнавис. Дархури ҳар фикр баста бар адам, Дам ба дам нақши хаёле хушрақам. Ҳарфҳои турфа бар лавҳи хаёл Барнавишта чашму ораз, хадду хол. Бар адам бошам, на бар мавҷуд маст, З-он ки маъшуқи адам вофитар аст. Ақлро хатхони он ашкол кард, То диҳад тадбирҳоро з-он навард.
Саҳифаи 15/177 |