|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари панҷум |
|
|
Тамсили лавҳи маҳфуз ва идроки ақли ҳар касе аз он лавҳ, он ки амру қисмат ва мақдури ҳаррӯзаи вай аст, ҳамчун идроки Ҷабрайил, алайҳиссалом, ҳар рӯзе аз лавҳи аъзамЧун малак аз лавҳи маҳфуз он хирад, Ҳар сабоҳе дарси ҳаррӯза барад. Бар адам таҳрирҳо бин бебанон В-аз саводаш ҳайрати савдоиён. Ҳар касе шуд бар хиёли риши гов, Гашта дар савдои ганҷе кунҷков. Аз хаёле гашта шахсе пуршукӯҳ, Рӯй оварда ба маъданҳои кӯҳ. В-аз хаёле он дигар бо ҷаҳди мурр, Рӯ ниҳода сӯйи дарё баҳри дурр. В-он дигар баҳри тараҳҳуб дар куништ В-он яке андар ҳарисӣ сӯйи кишт. Аз хаёл он раҳзани раста шуда В-аз хаёл ин марҳами хаста шуда. Дар парихонӣ яке дил карда гум, Бар нуҷум он дигаре бинҳода сум. Ин равишҳо мухталиф бинад бурун, З-он хаёлоти мулавван з-андарун. Ин дар он ҳайрон шуда, к-он бар чӣ аст? Ҳар чашанда он дигарро нофӣ аст. Он хаёлот ар набуд номӯъталиф, Чун зи берун шуд равишҳо мухталиф? Қиблаи ҷонро чу пинҳон кардаанд, Ҳар касе рӯ ҷонибе овардаанд.
Саҳифаи 16/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|