|
Тафсири «ё ҳасратан ала-л-ибод»ӯ ҳамегӯяд, ки аз ашколи ту Ғарра гаштам, дер дидам ҳоли ту, Шамъ мурда, бода рафта, дилрабо Ғӯта хӯрд аз нанги кажбинии мо. «Заллати-л-арбоҳу хусран мағрамо, Наштакӣ шакво илаллоҳи-л-ъамо. Ҳаббазо арвоҳу ихвонин сиқот, Муслимотин мӯъминотин қонитот». Ҳар касе рӯйе ба сӯйе бурдаанд, В-он азизон рӯ ба бесӯ кардаанд. Ҳар кабӯтар мепарад дар мазҳабе, В-ин кабӯтар ҷониби беҷонибӣ. Мо на мурғони ҳаво, на хонагӣ, Донаи мо донаи бедонагӣ. З-он фарох омад чунин рӯзии мо, Ки даридан шуд қабодӯзии мо.
Саҳифаи 18/177 |