|
Дар баёни қавли расул алайҳиссалом, ки «ло руҳбониятан фи-л-ислом»Бармакан паррову дил баркан аз ӯ, З-он ки шарти ин ҷиҳод омад адӯ. Чун адӯ набвад, ҷиҳод омад муҳол, Шаҳватат набвад, набошад имтисол. Сабр набвад, чун набошад майли ту, Хасм чун набвад, чӣ ҳоҷат хайли ту? Ҳин, макун худро хасӣ, руҳбон машав, З-он ки иффат ҳаст шаҳватро гарав. Беҳаво найҳ аз ҳаво мумкин набуд, Ғозие бар мурдагон натвон намуд. «Анфиқу» гуфтаст, пас касбе бикун, З-он ки набвад харҷ бе дахли куҳун. Гарчи овард «анфиқу»-ро мутлақ ӯ, Ту бихон, ки «аксибу сумма-нфиқу». Ҳамчунон чун шоҳ фармуд: «исбиру», Рағбате бояд, к-аз он тобӣ ту рӯ. Пас «кулу» аз баҳри доми шаҳват аст, Баъд аз он «ло тусрифу» он иффат аст. Чунки «маҳмулун биҳи» набвад «ладайҳ», Нест мумкин буди «маҳмулун алайҳ». Чунки ранҷи сабр набвад мар туро, Шарт набвад, пас фурӯ н-ояд ҷазо. Ҳаббазо он шарту шодо он ҷазо, Он ҷазои дилнавози ҷонфизо.
Саҳифаи 28/177 |