|
Дар баёни он ки савоби амали ошиқ аз Ҳақ ҳам ҳақ астОшиқонро шодмониву ғам ӯст, Дастмузду уҷрати хидмат ҳам ӯст. Ғайри маъшуқ ар тамошое бувад, Ишқ набвад, ҳарза савдое бувад. Ишқ он шӯъласт, к-ӯ чун барфурӯхт, Ҳар чӣ ҷуз маъшуқ, боқӣ ҷумла сӯхт. Теғи «ло» дар қатли ғайри Ҳақ биронд, Дарнигар з-он пас ки баъди «ло» чӣ монд? Монд «иллаллоҳ» боқӣ, ҷумла рафт, Шод бош, эй ишқи ширкатсӯзи зафт. Худ ҳам ӯ буд охирину аввалин, Ширк ҷуз аз дидаи аҳвал мабин. Эй аҷаб, ҳусне бувад ҷуз акси он, Нест танро ҷунбише аз ғайри ҷон. Он танеро, ки бувад дар ҷон халал, Хуш нагардад, гар бигирӣ дар асал. Ин касе донад, ки рӯзе зинда буд, Аз кафи ин ҷони ҷон ҷоме рабуд. В-он ки чашми ӯ надидаст он рухон, Пеши ӯ ҷон аст ин таффи духон. Чун надид ӯ Уммари Абдулазиз, Пеши ӯ одил бувад Ҳаҷҷоҷ низ. Чун надид ӯ мори Мӯсоро субот, Дар ҳиболи сеҳр пиндорад ҳаёт. Мурғ, к-ӯ нохӯрдааст оби зулол, Андар оби шӯр дорад парру бол. Ҷуз ба зид, зидро ҳаменатвон шинохт, Чун бибинад захм, бишносад навохт. Лоҷарам дунё муқаддам омадаст, То бидонӣ қадри иқлими аласт. Чун аз ин ҷо вораҳӣ, он ҷо равӣ, Дар шакархонай абад шокир шавӣ. Гӯйӣ он ҷо хокро мебехтам, З-ин ҷаҳони пок мебигрехтам. Эй дареғо, пеш аз ин будим аҷал, То азобам кам будӣ андар ваҷал.
Саҳифаи 29/177 |