|
Сабаби куштани Халил алайҳиссалом зоғро, ки он ишорат ба қамъи кадом сифат буд аз сифоти мазмумаи мӯҳлика дар муридИн суханро нест поёну фароғ, Эй Халили Ҳақ, чаро куштӣ ту зоғ? Баҳри фармон? Ҳикмати фармон чӣ буд? Андаке з-асрори он бояд намуд. Коғ-коғу наъраи зоғи сиёҳ Доимо бошад ба дунё умрхоҳ. Ҳамчу Иблис аз Худои поки фард То қиёмат умри тан дархост кард. Гуфт: «Анзирнӣ ило явми-л-ҷазо», Кошкӣ гуфтӣ, ки «тубно раббано». Умри бетавба ҳама ҷон кандан аст, Марги ҳозир ғойиб аз Ҳақ будан аст. Умру марг ин ҳар ду бо Ҳақ х(в)аш бувад, Бе Худо оби ҳаёт оташ бувад. Он ҳам аз таъсири лаънат буд, к-ӯ Дар чунон ҳазрат ҳамешуд умрҷӯ. Аз Худо ғайри Худоро хостан Занни афзунесту куллӣ костан. Хоса умре ғарқ дар бегонагӣ, Дар ҳузури шер рӯбаҳшонагӣ. Умри бешам деҳ, ки то пастар равам, Маҳлам афзун кун, ки то камтар шавам. То ки лаънатро нишона ӯ бувад, Бад касе бошад, ки лаънатҷӯ бувад. Умри хуш дар қурб ҷон парвардан аст, Умри зоғ аз баҳри саргин х(в)ардан аст. Умри бешам деҳ, ки то гуҳ мех(в)арам, Доим инам деҳ, ки бас бадгавҳарам. Гар на гуҳхор аст он гандадаҳон, Гӯядӣ, к-аз хӯйи зоғам вораҳон.
Саҳифаи 36/177 |