|
Қола-н-набию алайҳиссалом «ирҳаму салосан: азиза қавмин залла ва ғанниа қавмин афтақара ва олиман ялъабу биҳи-л-ҷуҳҳол»Гуфт пайғамбар, ки раҳм оред бар Ҷони ман «кона ғанийян фафтақар. Валлазӣ кона азизан фафтақар, Ав сафийян олиман байна-л-музар». Гуфт пайғамбар, ки бо ин се гурӯҳ Раҳм оред, ар зи сангеду зи кӯҳ. Он ки ӯ баъд аз раисӣ хор шуд В-он тавонгар ҳам, ки бединор шуд. В-он севум, он олиме, к-андар ҷаҳон Мубтало гардад миёни аблаҳон. З-он ки аз иззат ба хорӣ омадан, Ҳамчу қатъи узв бошад аз бадан. Узв гардад мурда, к-аз тан вобурид, Навбурида ҷунбад, аммо не мадид. Ҳар кӣ аз ҷоми аласт ӯ хӯрд пор, Ҳасташ имсол офати ранҷу хумор В-он ки чун саг з-асл каҳдонӣ бувад, Кай мар ӯро ҳирси султонӣ бувад? Тавба ӯ ҷӯяд, ки кардаст ӯ гуноҳ, Оҳ ӯ гӯяд, ки гум кардаст роҳ.
Саҳифаи 38/177 |