Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Қиссаи маҳбус шудани оҳубача дар охури харон ва таънаи он харон бар он ғариб гоҳ ба ҷангу гоҳ ба тасхур ва мубтало гаштани ӯ ба коҳи хушк, ки ғизои ӯ нест ва ин сифати бандаи хосси Худост миёни аҳли дунё ва аҳли ҳавову шаҳват, ки «ал-ислому бадаъа ғарибан ва саяъуду ғарибан фатубо ли-л-ғурабоъи садақа расулуллоҳ»

Оҳуеро кард сайёде шикор,
Андар охур кардаш он безинҳор.
Охуреро пур зи говону харон,
Ҳабси оҳу кард чун истамгарон.
Оҳу аз ваҳшат ба ҳар сӯ мегурехт,
ӯ ба пеши он харон шаб коҳ рехт.
Аз маҷоат в-иштиҳо ҳар гову хар
Коҳро мехӯрд хуштар аз шакар.
Гоҳ оҳу мерамид аз сӯ ба сӯ,
Гаҳ зи дуду гарди каҳ метофт рӯ.
Ҳар киро бо зидди худ бигзоштанд,
Он уқубатро чу марг ангоштанд.
То Сулаймон гуфт, к-он ҳудҳуд агар
Ҳаҷрро узре нагӯяд мӯътабар,
Букшамаш, ё худ диҳам ӯро азоб,
Як азоби сахт берун аз ҳисоб.
Ҳон, кадом аст он азоб, эй мӯътамад?
Дар қафас будан ба ғайри ҷинси х(в)ад.
З-ин бадан андар азобӣ, эй башар,
Мурғи рӯҳат баста бо ҷинсе дигар.
Рӯҳ боз асту табоеъ зоғҳо,
Дорад аз зоғону ҷуғдон доғҳо.
ӯ бимонда дар миёншон зор-зор
Ҳамчу Бӯбакре ба шаҳри Сабзавор.

39/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj