|
Дари ҳуҷра гушодани Мустафо, алайҳиссалом, бар меҳмон ва худро пинҳон кардан, то ӯ хаёли гушояндаро набинад ва хиҷил нашавад ва густох берун равадМустафо субҳ омаду дарро гушод, Субҳ он гумроҳро ӯ роҳ дод. Дар гушоду гашт пинҳон Мустафо, То нагардад шармсор он мубтало. То бурун ояд, равад густох ӯ, То набинад даргушоро пушту рӯ. Ё ниҳон шуд дар паси чизеву ё Аз вайаш пӯшид домони Худо. «Сибғатуллаҳ» гоҳ пӯшида кунад, Пардаи бечун бар он нозир танад. То набинад хасмро паҳлӯи хеш, Қудрати Яздон аз он беш аст, беш. Мустафо медид аҳволи шабаш, Лек монеъ буд фармони Рабаш. То ки пеш аз хабт бигшояд раҳе, То наяфтад з-он фазеҳат дар чаҳе. Лек ҳикмат буду амри осмон, То бибинад хештанро ӯ чунон. Бас адоватҳо, ки он ёрӣ бувад, Бас харобиҳо, ки меъморӣ бувад. Ҷомахоби пурҳадасро як фузул Қосидан овард дар пеши расул. Ки чунин кардаст меҳмонат, бибин, Хандае зад «раҳматан ли-л-оламин». Ки биёр он митҳара ин ҷо ба пеш, То бишӯям ҷумларо бо дасти хеш. Ҳар касе меҷаст, к-аз баҳри Худо Ҷони мову ҷисми мо қурбон туро. Мо бишӯем ин ҳадасро, ту биҳил, Кори даст аст ин намат, на кори дил. Эй «лаъамрук» мар туро Ҳақ умр хонд, Пас халифа карду бар курсӣ нишонд. Мо барои хидмати ту мезием, Чун ту хидмат мекунӣ, пас мо чием? Гуфт: «Он донам, валек ин соатест, Ки дар ин шустан ба хешам ҳикматест». Мунтазир буданд, к-ин қавли набист, То падид ояд, ки ин асрор чист? ӯ ба ҷид мешуст он аҳдосро Хос з-амри Ҳақ, на тақлиду риё. Ки дилаш мегуфт, к-инро ту бишӯ, Ки дар ин ҷо ҳаст ҳикмат тӯ ба тӯ.
Саҳифаи 4/177 |