|
Пок кардани об ҳамаи палидиҳоро ва боз пок кардани Худои таъоло обро аз палидӣ. Лоҷарам қуддус омад Ҳақ таъолоОб чун пайгор карду шуд наҷис, То чунон шуд, к-обро рад кард ҳис. Ҳақ бибурдаш боз дар баҳри савоб, То бишусташ аз карам он оби об. Соли дигар омад ӯ доманкашон, Ҳай куҷо будӣ? «Ба дарёи х(в)ашон. Ман наҷис з-ин ҷо шудам, пок омадам, Бистадам хилъат, суйи хок омадам. Ҳин, биёед, эй палидон сӯйи ман, Ки гирифт аз хӯйи Яздон хӯйи ман. Дарпазирам ҷумлаи зиштитро, Чун малак покӣ диҳам ифритро. Чун шавам олуда, боз он ҷо равам, Сӯйи асли асли покиҳо равам. Далқи чиркин барканам он ҷо зи сар, Хилъати покам диҳад бори дигар. Кори ӯ ин асту кори ман ҳам ин, Оламорой аст Раббулоламин». Гар набудӣ ин палидиҳои мо, Кай будӣ ин борнома обро? Кисаҳои зар бидуздид аз касе, Меравад ҳар сӯ, ки ҳин, ку муфлисе? Ё бирезад бар гиёҳи рустае, Ё бишӯяд рӯйи рӯношустае. Ё бигирад бар сар ӯ ҳаммолвор Киштии бедасту поро дар биҳор. Садҳазорон дору андар вай ниҳон, З-он ки ҳар дору бирӯяд з-ӯ чунон. Ҷони ҳар дурре, дили ҳар донае Меравад дар ҷӯ чу дорухонае. З-ӯ ятимони заминро парвариш, Бастагони хушкро аз вай равиш. Чун намонад мояаш, тира шавад, Ҳамчу мо андар замин хира шавад.
Саҳифаи 8/177 |