|
Истиъонати об аз Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу баъд аз тира шуданНола аз ботин барорад, к-эй Худо! Он чӣ додӣ, додаму мондам гадо. Рехтам сармоя бар поку палид, Эй шаҳи сармоядеҳ, «ҳал мин мазид?» Абрро гӯяд: «Бибар ҷойи х(в)ашаш, Ҳам ту хуршедо! Ба боло баркашаш». Роҳҳои мухталиф меронадаш, То расонад сӯйи баҳри беҳадаш. Худ ғараз з-ин об ҷони авлиёст, К-ӯ ғусули тирагиҳои шумост. Чун шавад тира зи ғусли аҳли фарш, Бозгардад сӯйи покибахши арш. Боз орад з-он тараф доманкашон Аз таҳороти муҳит ӯ дарсашон. Аз таяммум вораҳонад ҷумларо В-аз таҳаррӣ толибони қибларо. З-ихтилоти халқ ёбад эътилол, Он сафар ҷӯяд, к- «ариҳно ё Билол!» Эй Билоли хушнавои хушсаҳил, Мизана баррав, бизан табли раҳил. Ҷон сафар рафту бадан андар қиём, Вақти риҷъат з-ин сабаб гӯяд салом. Ин масал чун восита-ст андар калом, Восита шарт аст баҳри фаҳми ом. Андар оташ кай равад бевосита? Ҷуз самандар, к-ӯ раҳид аз робита. Воситай ҳаммом бояд мар туро, То зи оташ хуш кунӣ ту табъро. Чун натонӣ шуд дар оташ чун Халил, Гашт ҳаммомат расул, обат далел. Серӣ аз Ҳаққ аст, лек аҳли табаъ Кай расад бевоситай нон дар шабаъ? Лутф аз Ҳаққ аст, лекин аҳли тан Дарнаёбад лутф бе пардай чаман. Чун намонад воситай тан беҳиҷеб, Ҳамчу Мӯсо, нури маҳ ёбад зи ҷеб. Ин ҳунарҳо обро ҳам шоҳид аст, К-андарунаш пур зи лутфи Эзид аст.
Саҳифаи 9/177 |