Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҳикояти он роҳиб, ки рӯз бо чароғ мегашт дар миёни бозор аз сари ҳолате, ки ӯро буд

Он яке бо шамъ бармегашт рӯз,
Гирди бозоре, дилаш пуришқу сӯз.
Булфузуле гуфт ӯро, к-эй фалон,
Ҳин, чӣ меҷӯйӣ ба сӯйи ҳар дукон?
Ҳин, чӣ мегардӣ ту ҷӯён бо чароғ
Дар миёни рӯзи равшан? Чист лоғ?»
Гуфт: «Меҷӯям ба ҳар сӯ одаме,
Ки бувад ҳайй аз ҳаёти он даме.
Ҳаст марде?» Гуфт: «Ин бозор пур
Мардумонанд охир, эй донои ҳур!»
Гуфт: «Хоҳам мард, бар ҷодай дураҳ,
Дар раҳи хашму ба ҳангоми шараҳ.
Вақти хашму вақти шаҳват, мард ку?
Толиби марде давонам кӯ ба кӯ.
Ку дар ин ду ҳол марде дар ҷаҳон?
То фидои ӯ кунам имрӯз ҷон».
Гуфт: «Нодир чиз меҷӯйӣ, валек
Ғофил аз ҳукму қазоӣ, бин ту нек.
Нозири фаръӣ, зи асле бехабар,
Фаръ моем, асл аҳкоми қадар».
Чархи гардонро қазо гумраҳ кунад,
Сад Уторидро қазо аблаҳ кунад.
Танг гардонад ҷаҳони чораро,
Об гардонад ҳадиду хораро.
Эй қароре дода раҳро гом-гом,
Хоми хомӣ, хоми хомӣ, хоми хом.
Чун бидидӣ гардиши сангосиё,
Оби ҷӯро ҳам бибин охир, биё.
Хокро дидӣ, баромад дар ҳаво?
Дар миёни хок бингар бодро.
Дегҳои фикр мебинӣ ба ҷӯш?
Андар оташ ҳам назар мекун ба ҳуш.
Гуфт Ҳақ Айюбро: «Дар макрумат,
Ман ба ҳар мӯет сабре додамат.
Ҳин, ба сабри худ макун чандин назар,
Сабр дидӣ? Сабр доданро нигар».
Чанд бинӣ гардиши дӯлобро?
Сар бурун кун, ҳам бибин тезобро.
Ту ҳамегӯйӣ, ки мебинам, валек
Диди онро бас аломатҳост нек.
Гардиши кафро чу дидӣ мухтасар,
Ҳайратат бояд, ба дарё дарнигар.
Он ки кафро дид, сиргӯён бувад
В-он ки дарё дид, ӯ ҳайрон бувад.
Он ки кафро дид, нийятҳо кунад
В-он ки дарё дид, дил дарё кунад.
Он ки кафҳо дид, бошад дар шумор
В-он ки дарё дид, шуд беихтиёр.
Он ки ӯ каф дид, дар гардиш бувад
В-он ки дарё дид, ӯ беғиш бувад.

Саҳифаи 126/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵