Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҷавоб додани мӯъмини суннӣ кофири ҷабриро ва дар исботи ихтиёри банда далел гуфтан. Суннат роҳе бошад кӯфтаи иқдоми анбиё алайҳимуссалом. Бар ямини он роҳ биёбони ҷабр, ки худро ихтиёр набинад ва амру наҳйро мункир шавад ва таъвил кунад ва аз мункир шудани амру наҳй лозим ояд инкори биҳишт, ки биҳишт ҷазои мутеъони амр аст ва дӯзах ҷазои мухолифони амр ва дигар нагӯям ба чӣ анҷомад, ки «ал-оқилу якфиҳ ал-ишорат» ва бар бисёри он роҳи биёбони қадр аст, ки қудрати холиқро мағлуби қудрати халқ донад ва аз он фасодҳо зояд, ки он муғи ҷабрӣ бармешумурд

Гуфт мӯъмин: «Бишнав, эй ҷабрӣ, хитоб,
Они худ гуфтӣ, нак овардам ҷавоб.
Бозии худ дидӣ, эй шатранҷбоз!
Бозии хасмат бибин паҳну дароз.
Номаи узри худат бархондӣ,
Номаи суннӣ бихон, чӣ мондӣ?
Нукта гуфтӣ, ҷабриёна дар қазо,
Сирри он бишнав зи ман дар моҷаро.
Ихтиёре ҳаст моро бегумон,
Ҳисро мункир натонӣ шуд аён.
Сангро ҳаргиз бигӯяд кас биё?
Аз кулӯхе кас куҷо ҷӯяд вафо?
Одамиро кас нагӯяд, ҳин, бипар,
Ё биё, эй кӯр, ту дар ман нигар.
Гуфт Яздон: «Мо ала-л-аъмо ҳараҷ»,
Кай ниҳад бар кас «ҳараҷ раббу-л-фараҷ?»
Кас нагӯяд сангро дер омадӣ,
Ё ки чӯбо, ту чаро бар ман задӣ?
Инчунин воҷустҳо маҷбурро
Кас бигӯяд? Ё занад маъзурро?
Амру наҳйу хашму ташрифу итеб
Нест ҷуз мухторро, эй покҷеб!
Ихтиёре ҳаст дар зулму ситам,
Ман аз ин шайтону нафс ин хостам.
Ихтиёр андар дарунат сокин аст,
То надид ӯ Юсуфе, кафро нахаст.
Ихтиёру доъия дар нафс буд,
Рӯш дид, он гаҳ пару боле гушуд.
Саг бихуфта, ихтиёраш гашта гум,
Чун шикамба дид, ҷунбонид дум.
Асб ҳам ҳу-ҳу кунад чун дид ҷав,
Чун биҷунбад гӯшт, гурба кард мав.
Дидан омад ҷунбиши он ихтиёр,
Ҳамчу нафхе з-оташ ангезад шарор.
Пас биҷунбад ихтиёрат, чун Билис,
Шуд далола, орадат пайғоми Вис.
Чунки матлубе бар ин кас арза кард,
Ихтиёри хуфта бигшояд навард.
В-он фаришта хайрҳо бар рағми дев
Арза дорад, мекунад дар дил ғирев.
То биҷунбад ихтиёри хайри ту,
З-он ки пеш аз арза хуфтаст ин ду хӯ.
Пас фаришта-в дев гашта арзадор
Баҳри таҳрики уруқи ихтиёр.
Мешавад з-илҳомҳову васваса,
Ихтиёри хайру шаррат даҳкаса.
Вақти таҳлили намоз, эй бонамак,
З-он салом овард бояд бар малак
Ки зи илҳому дуъои хубатон
Ихтиёри ин намозам шуд равон.
Боз аз баъди гунаҳ лаънат кунӣ
Бар Билис эро, к-аз ӯӣ мунҳанӣ.
Ин ду зид арза кунандат дар сирор,
Дар ҳиҷоби ғайб омад арзадор.
Чунки пардай ғайб бархезад зи пеш,
Ту бибинӣ рӯйи даллолони хеш.
В-он суханшон вошиносӣ бегазанд,
К-он сухангӯён ниҳон инҳо буданд.
Дев гӯяд: «Эй асири табъу тан,
Арза мекардам, накардам зӯр ман».
В-он фаришта гӯядат, ман гуфтамат,
Ки аз ин шодӣ фузун гардад ғамат.
Он фалон рӯзат нагуфтам ман чунон?
Ки аз он сӯй аст раҳ сӯйи ҷинон.
Мо муҳибби ҷону рӯҳафзои ту,
Соҷидони мухлиси бобои ту.
Ин замонат хидмате ҳам мекунем,
Сӯйи махдумӣ салоят мезанем.
Он гурӯҳ боботро буда идо,
Дар хитоби «усҷуду» карда ибо.
Он гирифтӣ, они мо андохтӣ,
Ҳаққи хидматҳои мо нашнохтӣ?
Ин замон морову эшонро аён
Дарнигар, бишнос аз лаҳну баён.
Нимшаб чун бишнавӣ розе зи дӯст,
Чун сухан гӯяд саҳар, донӣ, ки ӯст.
В-ар ду кас дар шаб хабар орад туро,
Рӯз аз гуфтан шиносӣ ҳар дуро.
Бонги шеру бонги саг дар шаб расид,
Сурати ҳар ду зи торикӣ надид.
Рӯз шуд, чун боз дар бонг омаданд,
Пас шиносадшон зи бонг он ҳушманд.
Махлас ин ки деву рӯҳи арзадор
Ҳар ду ҳастанд аз татиммай ихтиёр.
Ихтиёре ҳаст дар мо нопадид,
Чун ду мутлақ дид, ояд дар мазид.
Устодон кӯдаконро мезананд,
Он адаб санги сияҳро кай кунанд.
Ҳеч гӯйӣ сангро: «Фардо биё
В-ар наёӣ, ман диҳам бадро сазо?
Ҳеч оқил мар кулӯхеро занад?
Ҳеч бо санге итобе кас кунад?
Дар хирад ҷабр аз қадар расвотар аст,
З-он ки ҷабрӣ ҳисси худро мункир аст.
Мункири ҳис нест он марди қадар,
Феъли Ҳақ ҳиссӣ набошад, эй писар!
Мункири феъли Худованди ҷалил,
Ҳаст дар инкори мадлули далел.
Он бигӯяд дуд ҳасту нор не,
Нури шамъе, бе зи шамъе равшане.
В-он ҳамебинад муайян норро,
Нест мегӯяд пайи инкорро.
Ҷомааш сӯзад, бигӯяд нор нест,
Ҷомааш дӯзад, бигӯяд тор нест.
Пас тасуфсут омад ин даъвои ҷабр,
Лоҷарам бадтар бувад з-ин рӯ зи габр.
Габр гӯяд ҳаст олам, нест рабб,
Ё рабе гӯяд, ки набвад мустаҳабб.
Ин ҳамегӯяд ҷаҳон худ нест ҳеч,
Ҳаст суфастоӣ андар печ-печ.
Ҷумлаи олам муқир дар ихтиёр,
Амру наҳйи ин маёру он биёр.
ӯ ҳамегӯяд, ки амру наҳй «ло»-ст,
Ихтиёрӣ нест, ин ҷумла хатост.
Ҳиссро ҳайвон муқирр аст, эй рафиқ!
Лек идроки далел омад дақиқ.
З-он ки маҳсус аст моро ихтиёр,
Хуб меояд бар ӯ таклифи кор.

Саҳифаи 129/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵