Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ва ҳамчунин «қад ҷаффа-л-қаламу», яъне «ҷаффа-л-қаламу ва катаба ло ястава-т-тоъату ва-л-маъсияту ло ястава-л-амонату ва-с-сариқату, ҷаффа-л-қаламу ан ло ястава-ш-шукуру ва-л-куфрону ҷаффа-л-қаламу инналлоҳа ло юзиъу аҷра-л-мӯҳсинин»

Ҳамчунин таъвили «қад ҷаффа-л-қалам»
Баҳри таҳриз аст бар шуғли аҳам.
Пас қалам бинвишт, ки ҳар корро
Лоиқи он ҳаст таъсиру ҷазо.
Каж равӣ, «ҷаффа-л-қалам» каж оядат,
Ростӣ орӣ, саодат зоядат.
Зулм орӣ, мудбирӣ «ҷаффа-л-қалам»,
Адл орӣ, барх(в)арӣ «ҷаффа-л-қалам».
Чун бидуздад, даст шуд «ҷаффа-л-қалам»,
Хӯрд бода, маст шуд «ҷаффа-л-қалам».
Ту раво дорӣ? Раво бошад, ки Ҳақ
Ҳамчу маъзул ояд аз ҳукми сабақ?
Ки зи дасти ман бурун рафтаст кор,
Пеши ман чандин маё, чандин мазор.
Балки маънӣ он бувад «ҷаффа-л-қалам»:
Нест яксон пеши ман адлу ситам.
Фарқ бинҳодам миёни хайру шар,
Фарқ бинҳодам зи бад ҳам аз батар.
Заррае гар дар ту афзуний адаб
Бошад аз ёрат, бидонад фазли раб.
Қадри он зарра туро афзун диҳад,
Зарра чун кӯҳе қадам берун ниҳад.
Подшоҳе, ки ба пеши тахти ӯ
Фарқ набвад аз амину зулмҷӯ.
Он ки меларзад зи бими радди ӯ
В-он ки таъна мезанад дар ҷадди ӯ,
Фарқ набвад, ҳар ду як бошад бараш,
Шоҳ набвад, хоки тира бар сараш.
Заррае гар ҷаҳди ту афзун бувад,
Дар тарозуи Худо мавзун бувад.
Пеши ин шоҳон, ҳамора ҷон канӣ,
Бехабар эшон зи ғадру равшанӣ.
Гуфти ғаммозе, ки бад гӯяд туро,
Зоеъ орад хидмататро солҳо.
Пеши шоҳе, ки самеъ асту басир,
Гуфти ғаммозон набошад ҷойгир.
Ҷумла ғаммозон аз ӯ оис шаванд,
Сӯйи мо оянду афзоянд панд.
Бас ҷафо гӯянд шаҳро пеши мо,
Ки бирав «ҷаффа-л-қалам» кам кун вафо.
Маънии «ҷаффа-л-қалам» кай он бувад?
Ки ҷафоҳо бо вафо яксон бувад?
Бал ҷафоро, ҳам ҷафо «ҷаффа-л-қалам»
В-он вафоро, ҳам вафо «ҷаффа-л-қалам».
Авф бошад, лек ку фарри умед,
Ки бувад банда зи тақво рӯсапед?
Дуздро гар афв бошад, ҷон барад,
Кай вазиру хозини махзан шавад?
Эй аминуддини раббонӣ, биё,
К-аз амонат руст ҳар тоҷу ливо.
Пури султон гар бар ӯ хоин шавад,
Он сараш аз тан бад-он боин шавад
В-ар ғуломи ҳиндуе орад вафо,
Давлат ӯро мезанад: «тола бақо».
Чӣ ғулом? Ар бар даре саг бовафост,
Дар дили солор, ӯро сад ризост.
З-ин чу сагро бӯса бар пӯзаш диҳад,
Гар бувад шере, чӣ пирӯзаш диҳад?
Ҷуз магар дузде, ки хидматҳо кунад,
Сидқи ӯ бехи ҷафоро барканад.
Чун Фузайли раҳзане, к-ӯ рост бохт,
З-он ки даҳмарда ба сӯйи тавба тохт,
В-он чунон, ки соҳирон Фиръавнро
Рӯсияҳ карданд аз сабру вафо.
Дасту по доданд дар ҷурми қавад,
Он ба садсола ибодат кай шавад?
Ту, ки панҷаҳ сол хидмат кардаӣ,
Кай чунин сидқе ба даст овардаӣ?

Саҳифаи 134/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵