Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҳикояти он дарвеш, ки дар Ҳарӣ ғуломони оростаи амиди Хуросонро дид ва бар асбони тозӣ ва қабоҳои зарбафт ва кулоҳҳои муғаррақ ва ғайри он, пурсид, ки инҳо кадом амиронанд ва чӣ шоҳонанд? Гуфтанд ӯро, ки инҳо амирон нестанд, инҳо ғуломони амиди Хуросонанд. Рӯй ба осмон кард, ки, эй Худо ғулом парвардан аз амид биёмӯз. Он ҷо муставфиро амид гӯянд

Он яке густохрӯ андар Ҳарӣ,
Чун бидидӣ ӯ ғуломи меҳтаре,
Ҷомаи атлас, камар заррин, равон,
Рӯй кардӣ сӯйи қиблай осмон,
К-эй Худо, з-ин хоҷаи соҳибминан
Чун наёмӯзӣ ту банда доштан?
Банда парвардан биёмӯз, эй Худо!
З-ин раису ихтиёри шоҳи мо».
Буд мӯҳтоҷу бараҳна-в бенаво,
Дар зимистон ларз-ларзон аз ҳаво.
Инбисоте кард он аз худ барӣ,
Ҷуръате бинмуд ӯ аз ламтурӣ.
Эътимодаш бар ҳазорон мавҳибат,
Ки надими Ҳақ шуд аҳли маърифат.
Гар надими шоҳ густохӣ кунад,
Ту макун он, ки надорӣ он санад.
Ҳақ миён доду миён беҳ аз камар,
Гар касе тоҷе ниҳад, ӯ дод сар.
То яке рӯзе, ки шоҳ он хоҷаро
Муттаҳам карду бибасташ дасту по.
Он ғуломонро шиканҷа менамуд,
Ки дафинай хоҷа бинмоед зуд.
Сирри ӯ бо ман бигӯед, эй хасон!
В-арна буррам аз шумо ҳалқу лисон.
Муддати як моҳашон таъзиб кард,
Рӯзу шаб ишканҷаву ифшору дард.
Пора-пора кардашону як ғулом
Рози хоҷа вонагуфт аз эҳтимом.
Гуфташ андар хоб ҳотиф, к-эй киё,
Банда будан ҳам биёмӯзу биё.
Эй дарида пӯстини Юсуфон,
Гар бидаррад гургат, он аз хеш дон.
З-он ки мебофӣ ҳамасола бипӯш,
З-он ки мекорӣ, ҳамасола бинӯш.
Феъли туст ин ғуссаҳои дамбадам,
Ин бувад маънии «қад ҷаффа-л-қалам».
Ки нагардад суннати мо аз рашад,
Некро некӣ бувад, бадрост бад.
Кор кун ҳин, ки Сулаймон зинда аст,
То ту девӣ, теғи ӯ бурранда аст.
Чун фаришта гашт, аз теғ эминест,
Аз Сулаймон ҳеч ӯро хавф нест.
Ҳукми ӯ бар дев бошад, на малак,
Ранҷ дар хок аст, на фавқи фалак.
Тарк кун ин ҷабрро, ки бас тиҳист,
То бидонӣ сирри сирри ҷабр чист?
Тарк кун ин ҷабри ҷамъи манбалон,
То хабар ёбӣ аз он ҷабри чу ҷон.
Тарки маъшуқӣ куну кун ошиқӣ,
Эй гумон бурда, ки хубу фоиқӣ.
Эй ки дар маънӣ зи шаб хомуштарӣ,
Гуфти худро чанд ҷӯйӣ муштарӣ?
Сар биҷунбонанд пешат баҳри ту,
Рафт дар савдои эшон даҳри ту.
Ту маро гӯйӣ: «Ҳасад - андар мапеч»,
Чӣ ҳасад орад касе аз фавти ҳеч?
Ҳаст таълими хасон, эй чашмшӯх,
Ҳамчу нақши хурд кардан бар кулӯх.
Хешро таълим кун ишқу назар,
К-он бувад чун нақши «фӣ ҷирм ил-ҳаҷар».
Нафси ту бо туст, шогирди вафо,
Ғайр фонӣ шуд, куҷо ҷӯйӣ? Куҷо?
То кунӣ мар ғайрро ҷабру санӣ,
Хешро бадхӯву холӣ мекунӣ.
Муттасил чун шуд дилат бо он адан,
Ҳин, бигӯ, маҳрос аз холӣ шудан.
Амри «қул» з-ин омадаш, к-эй ростин,
Кам нахоҳад шуд, бигӯ дарёст ин.
«Анситу» яъне ки обатро ба лоғ,
Ҳин, талаф кам кун, ки лабхушк аст боғ.
Ин сухан поён надорад, эй падар,
Ин суханро тарк кун, поён нигар.
Ғайратам ояд, ки пешат бистанд,
Бар ту механданд, ошиқ нестанд.
Ошиқонат дар паси пардай карам
Баҳри ту наъразанон, бин, дам ба дам.
Ошиқи он ошиқони ғайб бош,
Ошиқони панҷрӯза кам тарош,
Ки бихӯрдандат зи худъа-в ҷазбае,
Солҳо з-эшон надидӣ ҳаббае.
Чанд ҳангома ниҳӣ бар роҳи ом,
Гом хастӣ, барнаёмад ҳеч ком.
Вақти сиҳҳат ҷумла ёранду ҳариф,
Вақти дарду ғам ба ҷуз Ҳақ ку алиф?
Вақти дарди чашму дандон ҳеч кас
Дасти ту гирад ба ҷуз фарёдрас?
Пас ҳамон дарду маразро ёд дор,
Чун Аёз аз пӯстин кун эътибор.
Пӯстин он ҳолати дарди ту аст,
Ки гирифтаст он Аёз онро ба даст.

Саҳифаи 135/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵