Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҳикояти он зан, ки гуфт шавҳарро, ки гӯштро гурба хӯрд. Шавҳар гурбаро ба тарозу баркашид. Гурба ним ман баромад, гуфт, эй зан: «Гӯшт ним ман буду афзун. Агар ин гӯшт аст, гурба ку? Ва агар ин гурба аст, гӯшт ку?»

Буд марде кадхудо, ӯро зане,
Сахт таннозу палиду раҳзане.
Ҳар чӣ овардӣ, талаф кардиш зан,
Мард музтар буд андар тан задан.
Баҳри меҳмон гӯшт овард он муъил,
Сӯйи хона бо дусад ҷаҳди тавил.
Зан бихӯрдаш бо кабобу бо шароб,
Мард омад, гуфт дафъи носавоб.
Мард гуфташ: «Гӯшт ку? Меҳмон расид,
Пеши меҳмон лут мебояд кашид».
Гуфт зан: «Ин гурба хӯрд он гӯштро,
Гӯшти дигар хар, агар бошад, ҳало!»
Гуфт: «Эй айбак! Тарозуро биёр,
Гурбаро ман баркашам андар иёр».
Баркашидаш, буд гурба ним ман,
Пас бигуфт он мард, к-эй мӯҳтол зан!
Гӯшт ним ман буду афзун як ситир,
Ҳаст гурба ним ман ҳам, эй сатир!
Ин агар гурбаст, пас он гӯшт ку?
В-ар бувад ин гӯшт, гурба ку? Биҷӯ.
Боязид ар ин бувад, он рӯҳ чист?
В-ар вай он рӯҳ аст, ин тасвир кист?
Ҳайрат андар ҳайрат аст, эй ёри ман,
Ин на кори тусту на ҳам кори ман.
Ҳар ду ӯ бошад, валек аз райъи заръ
Дона бошад аслу он каҳпарра фаръ.
Ҳикмат ин аздодро бо ҳам бибаст,
Эй қасоб, ин гирдрон бо гардан аст.
Рӯҳ бе қолаб надонад кор кард,
Қолибат беҷон фасурда буду сард.
Қолибат пайдову он ҷонат ниҳон,
Рост шуд з-ин ҳар ду асбоби ҷаҳон.
Хокро бар сар занӣ, сар нашканад,
Обро бар сар занӣ, дарнашканад.
Гар ту мехоҳӣ, ки сарро бишканӣ,
Оброву хокро бар ҳам занӣ.
Чун шикастӣ сар, равад обаш ба асл,
Хок сӯйи хок ояд рӯзи фасл.
Ҳикмате, ки буд Ҳақро з-издивоҷ
Гашт ҳосил аз ниёзу аз лиҷоҷ.
Бошад он гаҳ издивоҷоти дигар,
«Ло самеъ узнун ва ло айнун басар».
Гар шунидӣ узн, кай мондӣ узун?
Ё куҷо кардӣ дигар забти сухун?
Гар бидидӣ барфу ях хуршедро,
Аз яхӣ бардоштӣ уммедро.
Об гаштӣ, бе уруқу бе гиреҳ,
З-об Довуди ҳаво кардӣ зиреҳ.
Пас шудӣ дармони ҷони ҳар дарахт,
Ҳар дарахте аз қудумаш некбахт.
Он яхе бифсурда дар худ монда,
«Ломасосӣ» бо дарахтон хонда.
«Лайса яълиф лайса юълаф ҷисмуҳу,
Лайса илло шуҳҳу нафсин қисмуҳу».
Нест зоеъ, з-ӯ шавад тоза ҷигар,
Лек набвад пайку султони хузар.
Эй Аёз, истораи ту бас баланд,
Нест ҳар бурҷе убурашро писанд.
Ҳар вафоро кай писандад ҳимматат?
Ҳар сафоро кай гузинад сафватат?

Саҳифаи 143/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵