Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҳикояти Зиёи далқ, ки сахт дароз буд ва бародараш шайхи ислом тоҷи Балх бағоят кӯтоҳболо буд ва ин шайхи ислом аз бародараш Зиё нанг доштӣ. Зиё даромад ба дарси ӯ ва ҳамаи судури Балх ҳозир ба дарси ӯ. Зиё хидмате кард ва бигузашт. Шайхи ислом ӯро ним қиёме кард сар-сарӣ. Гуфт, оре сахт дарозӣ, порае дардузд

Он Зиёи далқ хушилҳом буд,
Додари он тоҷи шайхислом буд.
Тоҷ шайхисломи дорулмулки Балх
Буд кӯҳтаҳқадду кӯчак ҳамчу фарх.
Гарчи фозил буду фаҳлу зуфунун,
Ин Зиё андар зарофат буд фузун.
ӯ басе кӯтаҳ, Зиё беҳад дароз,
Буд шайхисломро сад кибру ноз.
З-ин бародар ору нангаш омадӣ,
Он Зиё ҳам воизе буд боҳудӣ.
Рӯзи маҳфил андар омад он Зиё,
Боргаҳ пур қозиёну асфиё.
Кард шайхислом аз кибри тамом
Ин бародарро чунин, нисфа-л-қиём.
Гуфт ӯро: «Бас дарозӣ, баҳри музд
Андаке з-он қадди сарват ҳам бидузд!»
Пас туро худ ҳуш ку, ё ақл ку?
То хурӣ май, эй ту донишро аду!
Рӯт бас зебост, ниле ҳам бикаш,
Зӯҳка бошад нил бар рӯйи ҳабаш.
Дар ту нуре кай даромад? Эй ғавӣ,
То ту беҳушиву зулматҷӯ шавӣ.
Соя дар рӯз аст ҷустан қоида,
Дар шаби абрӣ ту сояҷӯ шуда?
Гар ҳалол омад пайи қути авом,
Толибони дӯстро омад ҳаром.
Ошиқонро бода хуни дил бувад,
Чашмашон бар роҳу бар манзил бувад.
Дар чунин роҳи биёбони махуф
Ин қаловузи хирад бо сад кусуф.
Хок дар чашми қаловузон занӣ,
Корвонро ҳолику гумраҳ кунӣ.
Нони ҷав ҳаққо ҳаром асту фусӯс
Нафсро дар пеш неҳ нони субӯс.
Душмани роҳи Худоро хор дор,
Дуздро минбар манеҳ, бар дор дор.
Дуздро ту даст бибридан писанд,
Аз буридан оҷизӣ, дасташ бибанд.
Гар набандӣ дасти ӯ, дасти ту баст,
Гар ту пояш нашканӣ, поят шикаст.
Ту адуро май диҳиву найшакар?
Баҳри чӣ? Гӯ: «Заҳр ханду хок х(в)ар.
Зад зи ғайрат бар сабӯ сангу шикаст»,
ӯ сабӯ андохт в-аз зоҳид биҷаст.
Рафт пеши миру гуфташ: «Бода ку?»
Моҷароро гуфт як-як пеши ӯ.

Саҳифаи 145/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵