Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Тафсири ин оят, ки «ва инна-д-дора-л-охирата лаҳийа-л-ҳайвону лав кону яъламуна», ки дару девор ва арсаи он олам ва обу кӯза ва меваву дарахт ҳама зиндаанд ва сухангӯйу суханшунав ва ҷиҳати он фармуд Мустафо алайҳиссалом, ки «ҷифаро барои мурдагиш ҷифа гӯянд, на барои бӯйи зишт ва фарахҷӣ»

Он ҷаҳон чун зарра-зарра зиндаанд,
Нуктадонанду сухангӯяндаанд.
Дар ҷаҳони мурдашон ором нест,
К-ин алаф ҷуз лоиқи инъом нест.
Ҳар киро гулшан бувад базму ватан,
Кай хурад ӯ бода андар гулхан?
Ҷойи рӯҳи пок «иллиййин» бувад,
Кирм бошад, к-иш ватан саргин бувад.
Баҳри махмури Худо ҷоми таҳур,
Баҳри ин мурғони кӯр ин оби шӯр.
Ҳар кӣ адли Уммараш нанмуд даст,
Пеши ӯ Ҳаҷҷоҷи хунӣ одил аст.
Духтаронро лӯъбати мурда диҳанд,
Ки зи лиъби зиндагон беогаҳанд.
Чун надоранд аз футувват зӯру даст,
Кӯдаконро теғи чӯбин беҳтар аст.
Кофирон қонеъ ба нақши анбиё,
Ки нигоридаст андар дайрҳо.
З-он меҳон моро чу даври равшанест,
Ҳечамон парвои нақши соя нест.
Ин яке нақшаш нишаста дар ҷаҳон
В-он дигар нақшаш чу маҳ дар осмон.
Ин даҳонаш нуктагӯён бо ҷалис
В-он дигар бо Ҳақ ба гуфтору анис.
Гӯши зоҳир, ин суханро забт кун,
Гӯши ҷонаш ҷозиби асрори «кун».
Чашми зоҳир зобити ҳилйай башар,
Чашми сир ҳайрони «мо зоға-л-басар».
Пойи зоҳир дар сафи масҷид савоф,
Пойи маънӣ фавқи гардун дар тавоф.
Ҷузв-ҷузвашро ту бишмар ҳамчунин,
Ин даруни вақту он беруни ҳин.
Ин ки дар вақт аст, бошад то аҷал
В-он дигар ёри абад, қирни азал.
Ҳаст як номаш «валию-д-давлатайн»,
Ҳаст як наъташ «имому-л-қиблатайн».
Хилвату чилла бар ӯ лозим намонд,
Ҳеч ғайме мар варо ғоим намонд.
Қурси хуршед аст хилватхонааш,
Кай ҳиҷоб орад шаби бегонааш?
Иллату парҳез шуд, бӯҳрон намонд,
Куфри ӯ имон шуду куфрон намонд.
Чун алиф аз истиқомат шуд ба пеш,
ӯ надорад ҳеч аз авсофи хеш.
Гашт фард аз касвии хӯҳои хеш,
Шуд бараҳна ҷон ба ҷонафзои хеш.
Чун бараҳна рафт пеши шоҳи фард,
Шоҳаш аз авсофи қудсӣ ҷома кард.
Хилъате пӯшид аз авсофи шоҳ,
Барпарид аз чоҳ бар айвони ҷоҳ.
Инчунин бошад, чу дурде соф гашт,
Аз буни ташт омад ӯ болои ташт.
Дар буни ташт аз чӣ буд ӯ дарднок?
Шумии омезиши аҷзои хок.
Ёри нохуш парру болаш баста буд
В-арна ӯ дар асл бас барҷаста буд.
Чун итоби «иҳбиту» ангехтанд,
Ҳамчун Ҳоруташ нигун овехтанд.
Буд Ҳорут аз милоки осмон,
Аз итобе шуд муаллақ ҳамчунон.
Сарнигун з-он шуд, ки аз сар дур монд,
Хешро сар сохту танҳо пеш ронд.
Он сабад, худро чу пур аз об дид,
Кард истиғнову аз дарё бурид.
Бар ҷигар обаш яке қатра намонд,
Баҳр раҳмат карду ӯро бозхонд.
Раҳмате, бе иллате, бе хидмате
Ояд аз дарё, муборак соате.
Аллаҳ, Аллаҳ гирди дарёбор гард,
Гарчи бошанд аҳли дарёбор зард.
То ки ояд лутфи бахшоишгаре,
Сурх гардад рӯйи зард аз гавҳаре.
Зардии рӯ беҳтарини рангҳост,
З-он ки андар интизори он лиқост.
Лек сурхӣ бар рухе, к-он ломеъ аст,
Баҳри он омад, ки ҷонаш қонеъ аст.
Ки тамаъ лоғар кунад, зарду залил,
Нест ӯ аз иллати абдон алил.
Чун бибинад рӯйи зарди бесақам,
Хира гардад ақли Ҷолинус ҳам.
Чун тамаъ бастӣ ту дар анвори ҳу,
Мустафо гӯяд, ки «залла нафсуҳу».
Нури бесоя латифу олӣ аст,
Он мушаббак сояи ғирболӣ аст.
Ошиқон урён ҳамехоҳанд тан,
Пеши иннинон чӣ ҷома, чӣ бадан.
Рӯзадоронро бувад он нону хон,
Хармагасро чӣ або, чӣ дегдон.

Саҳифаи 152/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵