Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти Аббозӣ раҳимаҳуллоҳ, ки ҳафтод ғазв карда буд синабараҳна бар умеди шаҳид шудан. Чун аз он навмед шуд, аз ҷиҳоди асғар рӯ ба ҷиҳоди акбар овард ва хилват гузид. Ногаҳон бонги ғозиён шунид, нафс аз андаруни занҷир медаронид сӯйи ғазо ва муттаҳам доштани ӯ нафси худро дар ин рағбат

Гуфт Аббозӣ: «Навад бор омадам,
Танбараҳна, бу, ки захме оядам.
Танбараҳна мешудам дар пеши тир,
То яке тире хурам ман ҷойгир.
Тир хӯрдан бар гулӯ ё мақтале,
Дарнаёбад ҷуз шаҳиде, муқбиле.
Бар танам як ҷойгаҳ безахм нест,
Ин танам аз тир чун парвезанест.
Лек бар мақтал наёмад тирҳо,
Кори бахт аст ин, на ҷалдиву даҳо.
Чун шаҳидӣ рӯзии ҷонам набуд,
Рафтам андар хилвату дар чилла зуд.
Дар ҷиҳоди акбар афгандам бадан,
Дар риёзат кардану лоғар шудан.
Бонги табли ғозиён омад ба гӯш,
Ки хиромиданд ҷайши ғазвкӯш.
Нафс аз ботин маро овоз дод,
Ки ба гӯши ҳис шунидам бомдод:
«Хез, ҳангоми ғазо омад, бирав,
Хешро дар ғазв кардан кун гарав».
Гуфтам: «Эй нафси хабиси бевафо,
Аз куҷо майли ғазо, ту аз куҷо?»
Рост гӯй, эй нафс, к-ин ҳилатгарист
В-арна нафси шаҳват аз тоат барист.
Гар нагӯйӣ рост, ҳамла орамат,
Дар риёзат сахттар афшорамат.
Нафс бонг овард он дам аз дарун,
Бо фасоҳат, бе даҳон, андар фусун.
Ки маро ҳар рӯз ин ҷо мекушӣ,
Ҷони ман чун ҷони габрон мекашӣ.
Ҳеч касро нест аз ҳолам хабар,
Ки маро ту мекушӣ бехобу х(в)ар.
Дар ғазо биҷҳам ба як захм аз бадан,
Халқ бинад мардиву исори ман.
Гуфтам: «Эй нафсак, мунофиқ зистӣ,
Ҳам мунофиқ мемурӣ, ту чистӣ?
Дар ду олам ту муроъӣ будаӣ,
Дар ду олам ту чунин беҳудаӣ».
Назр кардам ки зи хилват ҳеч ман
Сар бурун н-орам, чу зиндаст ин бадан.
З-он ки дар хилват ҳар он чӣ тан кунад,
Н-аз барои рӯйи марду зан кунад.
Ҷунбишу оромиш андар хилваташ,
Ҷуз барои Ҳақ набошад нийяташ.
Ин ҷиҳоди акбар аст, он асғар аст,
Ҳар ду кори Рустам асту Ҳайдар аст.
Кори он кас нест, к-ӯро ақлу ҳуш
Паррад аз тан, чун биҷунбад дунби муш.
Ончунон касро бибояд чун занон
Дур будан аз масофу аз синон.
Сӯфие он, сӯфие ин, ин-т ҳайф,
Он зи сӯзан кушта, инро тӯъма сайф.
Нақши сӯфӣ бошад, ӯро нест ҷон,
Сӯфиён бадном ҳам з-ин сӯфиён.
Бар дару девори ҷисми гилсиришт
Ҳақ зи ғайрат нақши сад сӯфӣ набишт.
То зи сеҳр он нақшҳо ҷунбон шавад,
То асои мӯсавӣ пинҳон шавад.
Нақшҳоро мехурад сидқи асо,
Чашми фиръавнист, пургарду ҳасо.
Сӯфии дигар миёни саффи ҳарб
Андаромад бист бор аз баҳри зарб.
Бо мусулмонон ба кофир вақти карр
Вонагашт ӯ бо мусулмонон ба фарр.
Захм хӯрду баст захмеро, ки х(в)ард,
Бори дигар ҳамла оварду набард,
То намирад тан ба як захм аз газоф,
То хурад ӯ бист захм андар масоф.
Ҳайфаш омад, ки ба захме ҷон диҳад,
Ҷон зи дасти сидқи ӯ осон раҳад.

161/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj