Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти он муҷоҳид, ки аз ҳамёни сим ҳар рӯз як дирам дар хандақ андохтӣ ба тафориқ аз баҳри ситезаи ҳирс ва орзуи нафс ва васвасаи нафс, ки чун меандозӣ ба хандақ, боре ба як бор бияндоз, то халос ёбам, ки «ал-йаъсу иҳди-р-роҳатайн». ӯ гуфт, ки ин роҳат низ надиҳам

Он яке будаш ба каф – дар чил дирам,
Ҳар шаб афгандӣ яке дар оби ям.
То ки гардад сахт бар нафси маҷоз,
Дар таъаннӣ дарди ҷон кандан дароз.
Бо мусулмонон ба карр ӯ пеш рафт,
Вақти фарр ӯ вонагашт аз хасм тафт.
Захми дигар хӯрд, онро ҳам бибаст,
Бист каррат румҳу тир аз вай шикаст.
Баъд аз он қувват намонд, афтод пеш,
Мақъади сидқ ӯ зи сидқи ишқи хеш.
Сидқ ҷон додан бувад, ҳин! «Собиқу»,
Аз нубӣ бархон: «Риҷолун саддақу».
Ин ҳама мурдан на марги сурат аст,
Ин бадан мар рӯҳро чун олат аст.
Эй басо хоме, ки зоҳир хун-ш рехт,
Лек нафси зинда он ҷониб гурехт.
Олаташ бишкасту раҳзан зинда монд,
Нафс зинда-ст, арчи маркаб хун фишонд.
Асб кушту роҳи ӯ рафта нашуд,
Ҷуз ки хому зишту ошуфта нашуд.
Гар ба ҳар хунрезие гаштӣ шаҳид,
Кофире кушта будӣ ҳам Бӯсаъид.
Эй басо нафси шаҳиди мӯътамад,
Мурда дар дунё чу зинда меравад.
Рӯҳи раҳзан мурду тан, ки теғи ӯст,
Ҳаст боқӣ, дар кафи он ғазвҷӯст.
Теғ он теғ аст, мард он мард нест,
Лек ин сурат туро ҳайронкунест.
Нафс чун мубдал шавад, ин теғи тан
Бошад андар дасти сунъи «зулминан».
Он яке мардест, қуташ ҷумла дард,
Ин дигар марде миёнтӣ, ҳамчу гард.

162/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj