Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Сифат кардани марди ғаммоз ва намудани сурати канизак мусаввар дар коғаз ва ошиқ шудани халифаи Миср бар он сурат ва фиристодани халифа амиреро бо сипоҳи гарон ба дари Мавсил ва қатлу вайронии бисёр кардан баҳри ин ғараз

Мар халифай Мисрро ғаммоз гуфт,
Ки шаҳи Мавсил ба ҳуре гашт ҷуфт.
Як канизак дорад ӯ андар канор,
Ки ба олам нест монандаш нигор.
Дар баён н-ояд, ки ҳуснаш беҳад аст,
Нақши ӯ ин аст, к-андар коғаз аст.
Нақш дар коғаз чу дид он Кайқубод,
Хира гашту ҷом аз дасташ фитод.
Паҳлавонеро фиристод он замон
Сӯйи Мавсил бо сипоҳи бас гарон.
Ки агар надҳад ба ту он моҳро,
Баркан аз бун он дару даргоҳро.
В-ар диҳад, таркаш куну маҳро биёр,
То кашам ман бар замин маҳ дар канор.
Паҳлавон шуд сӯйи Мавсил бо ҳашам,
Бо ҳазорон Рустаму таблу алам.
Чун малахҳо беадад бар гирди кашт
Қосиди иҳлоки аҳли шаҳр гашт.
Ҳар навоҳӣ манҷаниқе аз набард,
Ҳамчу кӯҳи Қоф ӯ бар кор кард.
Захми тиру сангҳои манҷаниқ,
Теғҳо дар гард чун барқ аз бариқ.
Ҳафтае кард инчунин хунрези гарм,
Бурҷи сангин суст шуд чун муми нарм.
Шоҳи Мавсил дид пайкори маҳул,
Пас фиристод аз дарун пешаш расул.
Ки чӣ мехоҳӣ зи хуни мӯъминон?
Кушта мегарданд з-ин ҳарби гарон.
Гар муродат мулки шаҳри Мавсил аст,
Бе чунин хунрез инат ҳосил аст.
Ман равам беруни шаҳр, инак даро,
То нагирад хуни мазлумон туро.
В-ар муродат молу зарру гавҳар аст,
Ин зи мулки шаҳр, худ осонтар аст.

163/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj