|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر پنجوم |
|
|
Сифат кардани марди ғаммоз ва намудани сурати канизак мусаввар дар коғаз ва ошиқ шудани халифаи Миср бар он сурат ва фиристодани халифа амиреро бо сипоҳи гарон ба дари Мавсил ва қатлу вайронии бисёр кардан баҳри ин ғаразМар халифай Мисрро ғаммоз гуфт, Ки шаҳи Мавсил ба ҳуре гашт ҷуфт. Як канизак дорад ӯ андар канор, Ки ба олам нест монандаш нигор. Дар баён н-ояд, ки ҳуснаш беҳад аст, Нақши ӯ ин аст, к-андар коғаз аст. Нақш дар коғаз чу дид он Кайқубод, Хира гашту ҷом аз дасташ фитод. Паҳлавонеро фиристод он замон Сӯйи Мавсил бо сипоҳи бас гарон. Ки агар надҳад ба ту он моҳро, Баркан аз бун он дару даргоҳро. В-ар диҳад, таркаш куну маҳро биёр, То кашам ман бар замин маҳ дар канор. Паҳлавон шуд сӯйи Мавсил бо ҳашам, Бо ҳазорон Рустаму таблу алам. Чун малахҳо беадад бар гирди кашт Қосиди иҳлоки аҳли шаҳр гашт. Ҳар навоҳӣ манҷаниқе аз набард, Ҳамчу кӯҳи Қоф ӯ бар кор кард. Захми тиру сангҳои манҷаниқ, Теғҳо дар гард чун барқ аз бариқ. Ҳафтае кард инчунин хунрези гарм, Бурҷи сангин суст шуд чун муми нарм. Шоҳи Мавсил дид пайкори маҳул, Пас фиристод аз дарун пешаш расул. Ки чӣ мехоҳӣ зи хуни мӯъминон? Кушта мегарданд з-ин ҳарби гарон. Гар муродат мулки шаҳри Мавсил аст, Бе чунин хунрез инат ҳосил аст. Ман равам беруни шаҳр, инак даро, То нагирад хуни мазлумон туро. В-ар муродат молу зарру гавҳар аст, Ин зи мулки шаҳр, худ осонтар аст.
Саҳифаи 163/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|