Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Исор кардани соҳиби Мавсил он канизакро ба халифа, то хунрезии мусулмонон бештар нашавад

Чун расул омад ба пеши паҳлавон,
Дод коғаз, андар ӯ нақшу нишон:
«Бингар андар коғаз, инро толибам,
Ҳин, бидеҳ варна кунун ман ғолибам».
Чун расул омад, бигуфт он шоҳи нар:
«Сурате кам гир, зуд инро бибар.
Ман наям дар аҳди имон бутпараст,
Бут бари он бутпараст авлотар аст».
Чунки овардаш расулон паҳлавон
Гашт ошиқ бар ҷамолаш он замон.
Ишқ баҳре, осмон бар вай кафе,
Чун Зулайхо дар ҳавои Юсуфе.
Даври гардунҳо зи мавҷи ишқ дон,
Гар набудӣ ишқ, бифсурдӣ ҷаҳон.
Кай ҷамоде маҳв гаштӣ дар набот,
Кай фидои рӯҳ гаштӣ номиёт?
Рӯҳ кай гаштӣ фидои он даме,
К-аз насимаш ҳомила шуд Маряме?
Ҳар яке барҷо турунҷидӣ чу ях,
Кай будӣ паррону ҷӯён чун малах?
Зарра-зарра ошиқони он камол,
Мешитобад дар улу ҳамчун ниҳол.
«Саббаҳа лиллоҳ» ҳаст иштобашон,
Танқияй тан мекунанд аз баҳри ҷон.
Паҳлвон чаҳро чу раҳ пиндошта,
Шӯрааш хуш омада, ҳаб кошта.
Чун хаёле дид он хуфта ба хоб,
Ҷуфт шуд бо ону аз вай рафт об.
Чун бирафт он хобу шуд бедор зуд
Дид, к-он лӯъбат ба бедорӣ набуд.
Гуфт: «Бар ҳеч оби худ бурдам, дареғ,
Ишваи он ишвадеҳ хӯрдам, дареғ».
Паҳлавони тан буд он, мардӣ надошт,
Тухми мардӣ дар чунон реге бикошт.
Маркаби ишқаш дарида сад лагом,
Наъра мезад: «лоуболӣ би-л-ҳимом,
Айш уболӣ би-л-халифа фӣ-л-ҳаво,
Иставо индӣ вуҷудӣ ва-т-таво».
Инчунин сӯзону гарм охир макор,
Машварат кун бо яке ховандгор.
Машварат ку? Ақл ку? Селоби оз
Дар харобӣ кард нохунҳо дароз.
«Байна айдӣ» садду сӯйи халф садд,
Пешу пас кам бинад он мафтуни ҷадд.
Омада дар қасди ҷон сели сиёҳ,
То ки рӯбаҳ афганад шере ба чоҳ.
Аз чаҳе бинмуда маъдуме хаёл,
То дарандозад «усудан ка-л-ҷибол».
Ҳеч касро бо занон маҳрам мадор,
Ки мисоли ин ду пунбасту шарор.
Оташе бояд бишуста з-оби Ҳақ,
Ҳамчу Юсуф мӯътасим андар раҳақ,
К-аз Зулайхои латифи сарвқад
Ҳамчу шерон хештанро вокашад.
Бозгашт аз Мавсилу мешуд ба роҳ,
То фуруд омад ба беша-в марҷгоҳ.
Оташи ишқаш фурӯзон ончунон,
Ки надонад ӯ замин аз осмон.
Қасди он маҳ кард андар хайма ӯ,
Ақл куву аз халифа хавф ку?
Чун занад шаҳват дар ин водӣ дуҳул,
Чист ақли ту «фуҷулл ибни-л-фуҷул».
Сад халифа гашта камтар аз магас
Паши чашми оташинаш он нафас.
Чун бурун андохт шалвору нишаст
Дар миёни пойи зан он занпараст,
Чун закар сӯйи мақар мерафт рост,
Растахезу ғулғул аз лашкар бихост.
Барҷаҳиду кунбараҳна сӯйи саф
Зулфиқори ҳамчу оташ ӯ ба каф
Дид шери нар, сияҳ, аз найситон
Барзада бар қалби лашкар ногаҳон.
Тозиён чун дев дар ҷӯш омада,
Ҳар тавила-в хайма андар ҳам зада.
Шери нар гунбад ҳамекард аз луғаз,
Дар ҳаво чун мавҷи дарё бист газ.
Паҳлавон мардона буду беҳазар
Пеши шер омад чу шери масти нар.
Зад ба шамшеру сарашро баршикофт,
Зуд сӯйи хаймаи маҳрӯ шитофт.
Чунки худро ӯ бад-он ҳуре намуд,
Мардии ӯ ҳамчунон бар пой буд.
Бо чунон шере ба чолиш гашт ҷуфт,
Мардии ӯ монда барпою нахуфт.
Он бути ширинлиқои моҳрӯ
Дар аҷаб дармонд аз мардии ӯ.
Ҷуфт шуд бо ӯ ба шаҳват он замон,
Муттаҳид гаштанд ҳолӣ он ду ҷон.
З-иттисоли ин ду ҷон бо ҳамдигар
Мерасад аз ғайбашон ҷоне дигар.
Рӯ намояд аз тариқи зодане,
Гар набошад аз улуқаш раҳзане.
Ҳар куҷо ду кас ба меҳре, ё ба кин
Ҷамъ ояд, солисе зояд яқин.
Лек андар ғайб зояд он сувар,
Чун равӣ он сӯ, бибинӣ дар назар.
Он натоиҷ аз қироноти ту зод,
Ҳин, магард аз ҳар қарине зуд шод.
Мунтазир мебош он миқотро,
Сидқ дон илҳоқи зурриётро.
К-аз амал зойидаанду аз илал,
Ҳар якеро сурату нутқу талал.
Бонгашон дармерасад з-он хушҳиҷол,
К-эй зи мо ғофил, ҳало! Зудтар таъол.
Мунтазир дар ғайб ҷони марду зан,
Мул-мулат чист? Зудтар гом зан.
Роҳ гум кард ӯ аз он субҳи дурӯғ,
Чун магас афтод андар деги дӯғ.

Страница 164/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj