Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Пушаймон шудани он сарлашкар аз он хиёнат, ки кард ва савганд додани ӯ он канизакро, ки ба халифа бознагӯяд, аз он чӣ рафт

Чанд рӯзу ҳам бар он буд, баъд аз он
Шуд пушаймон ӯ аз он ҷурми гарон.
Дод савгандаш, ки эй хуршедрӯ,
Бо халифа з-ин чӣ шуд, рамзе магӯ.
Чун бидид ӯро халифа маст гашт,
Пас зи бом афтод ӯро низ ташт.
Дид сад чандон, ки васфаш карда буд,
Кай бувад худ дида монанди шунуд?
Васф тасвир аст баҳри чашми ҳуш,
Сурат они чашм дон, на з-они гӯш.
Кард марде аз сухандоне суол:
«Ҳаққу ботил чист, эй некӯмақол?»
Гӯшро бигрифту гуфт: «Ин ботил аст,
Чашм ҳаққ асту яқинаш ҳосил аст».
Он ба нисбат ботил омад пеши ин,
Нисбат аст ағлаб суханҳо, эй амин!
З-офтоб ар кард хуффош эҳтиҷоб,
Нест маҳҷуб аз хаёли офтоб.
Хавф ӯро худ хаёлаш медиҳад,
Он хаёлаш сӯйи зулмат мекашад.
Он хаёли нур метарсонадаш,
Бар шаби зулмот мечафсонадаш.
Аз хаёли душману тасвири ӯст,
Ки ту барчафсидаӣ бар ёру дӯст.
Мӯсиё, кашфат лумаъ бар кӣ фарошт,
Он мухайял тоби таҳқиқат надошт.
Ҳин, машав ғарра бад-он ки қобилӣ,
Мар хаёлашро в-аз ин раҳ восилӣ.
Аз хаёли ҳарб наҳросид кас,
«Ло шаҷоъа қабла ҳарб» ин дону бас.
Бар хаёли ҳарб ҳез андар фикар
Мекунад чун рустамон сад карру фарр.
Нақши Рустам, к-он ба ҳаммоме бувад,
Қирни ҳамлай фикри ҳар хоме бувад.
Ин хаёли самъ чун мубсар шавад,
Ҳез чӣ бвад? Рустаме музтар шавад.
Ҷаҳд кун, к-аз гӯш дар чашмат равад,
Он чӣ, к-он ботил будаст, он Ҳақ шавад.
З-он сипас гӯшат шавад ҳамтабъи чашм,
Гавҳаре гардад ду гӯши ҳамчу яшм.
Балки ҷумлай тан чу ойина шавад,
Ҷумла чашму гавҳари сина шавад.
Гӯш ангезад хаёлу он хаёл
Ҳаст даллолай висоли он ҷамол.
Ҷаҳд кун, то ин хаёл афзун шавад,
То далола раҳбари Маҷнун шавад.
Он халифай гӯл ҳам якчанд низ,
Риш гове кард хуш бо он каниз.
Мулкро ту мулки Ғарбу Шарқ гир,
Чун намемонад, ту онро барқ гир.
Мамлакат, к-он менамонад ҷовидон,
Эй дилат хуфта, ту онро хоб дон.
То чӣ хоҳӣ кард он боду бурут?
Ки бигирад ҳамчу ҷаллоде гулӯт.
Ҳам дар ин олам, бидон, ки мӯъминест,
Аз мунофиқ кам шунав, к-ӯ гуфт нест.

Саҳифаи 165/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵