|
|
|
|
Ҳуҷҷати мункирони охират ва баёни заъфи он ҳуҷҷат, зеро ҳуҷҷати эшон бад-ин боз мегардад, ки ғайри ин намебинемҲуҷҷаташ ин аст, гӯяд ҳар даме: «Гар будӣ чизе дигар, ҳам дидаме». Гар набинад кӯдаке аҳволи ақл, Оқиле ҳаргиз кунад аз ақл нақл? В-ар набинад оқиле аҳволи ишқ, Кам нагардад моҳи некӯфоли ишқ. Ҳусни Юсуф дидаи ихвон надид, Аз дили Яъқуб кай шуд нопадид? Мар асоро чашми Мӯсо чӯб дид, Чашми ғайбӣ афъиву ошӯб дид. Чашми сар бо чашми сир дар ҷанг буд, Ғолиб омад чашми сир, ҳуҷҷат намуд. Чашми Мӯсо дасти худро даст дид, Пеши чашми ғайб нуре буд падид. Ин сухан поён надорад дар камол, Пеши ҳар маҳрум бошад чун хаёл. Чун ҳақиқат пеши ӯ фарҷу гулӯст, Кам баён кун пеши ӯ асрори дӯст. Пеши мо фарҷу гулӯ бошад хаёл, Лоҷарам ҳар дам намояд ҷон ҷамол. Ҳар киро фарҷу гулӯ ойину хӯст, Он «лакум динун ва лӣ дин» баҳри ӯст. Бо чунон инкор кӯтаҳ кун сухан, Аҳмадо, кам гӯй бо габри куҳан.
166/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|