|
|
|
|
Омадани халифа назди он хубрӯй барои ҷимоъОн халифа кард ройи иҷтимоъ, Сӯйи он зан рафт аз баҳри ҷимоъ. Зикри ӯ карду закар барпой кард, Қасди хуфтухези меҳрафзой кард. Чун миёни пойи он хотун нишаст, Пас қазо омад, раҳи айшаш бибаст. Хушту хушти муш дар гӯшаш расид, Хуфт кераш, шаҳваташ куллӣ рамид. Ваҳми он, к-аз мор бошад ин сарир, Ки ҳамеҷунбад ба тундӣ аз ҳасир.
167/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|