|
|
|
|
Баёни он, ки «наҳну қасамно», ки якеро шаҳват ва қуввати харон диҳад ва якеро киёсат ва қуввати анбиё ва фариштагон бахшадСар зи ҳаво тофтан аз сарварист, Тарки ҳаво қуввати пайғамбарист. Тухмҳое, ки шаҳватӣ набувад, Бари он ҷуз қиёмате набувад.
Гар будаш сустии наррии харон, Буд ӯро мардии пайғамбарон. Тарки хашму шаҳвату ҳирсоварӣ Ҳаст мардиву раги пайғамбарӣ. Наррии хар, гӯ, мабош андар рагаш, Ҳақ ҳамехонад улуғ багларбагаш. Мурдае бошам, ба ман Ҳақ бингарад, Беҳ аз он зинда, ки бошад дуру рад. Мағзи мардӣ ин шиносу пӯст он, Он барад дӯзах, барад ин дар ҷинон. «Ҳуффати-л-ҷаннат» макореҳро расид, «Ҳуффати-н-нор» аз ҳаво омад падид. Эй Аёзи шери нарри девкуш, Мардии хар кам, фузун мардии ҳуш. Он чӣ чандин садр идрокаш накард, Лаъби кӯдак буд пешат, ин-т мард. Эй бидида лаззати амри маро, Ҷон супурда баҳри амрам дар вафо Достони завқи амру чошниш Бишнав акнун дар баёни маънавиш.
171/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|