Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Додани шоҳ гавҳарро миёни девон ва маҷмаъ ба дасти вазир, ки ин чанд арзад? Ва муболиға кардани вазир дар қимати ӯ, ки акнун инро бишикан ва гуфтани вазир, ки инро чун бишиканам? Ило охири-л-қисса

Шоҳ рӯзе ҷониби девон шитофт,
Ҷумла арконро дар он девон биёфт.
Гавҳаре берун кашид ӯ мустанир,
Пас ноҳодаш зуд дар каффи вазир.
Гуфт: «Чун асту чӣ арзад ин гуҳар?»
Гуфт: «Беҳ арзад зи сад хирвор зар».
Гуфт: «Бишкан». Гуфт: «Чунаш бишканам?»
Некхоҳи махзану молат манам.
Чун раво дорам, ки мисли ин гуҳар,
Ки наёяд дар баҳо, гардад ҳадар?
Гуфт шобошу бидодаш хилъате,
Гавҳар аз вай бистад он шоҳу фатӣ.
Кард исори вазир он шоҳи ҷуд
Ҳар либосу ҳулла, к-ӯ пӯшида буд.
Соатешон кард машғули сухан
Аз қазияй тозаву рози куҳан.
Баъд аз он додаш ба дасти ҳоҷибе,
Ки чӣ арзад ин ба пеши толибе?
Гуфт: «Арзад ин ба нимай мамлакат,
К-иш нигаҳ доро, Худо, аз маҳликат».
Гуфт: «Бишкан». Гуфт: «Эй хуршедтеғ!
Бас дареғ аст ин шикастанро, дареғ.
Қиматаш бигзор, бин тобу лумаъ,
Ки шудаст ин нури рӯз ӯро табаъ.
Даст кай ҷунбад маро дар касри ӯ?
Ки хазинай шоҳро бошам адӯ».
Шоҳ хилъат дод, идрораш фузуд,
Пас даҳон дар мадҳи ақли ӯ гушуд.
Баъди як соат ба дасти мир дод,
Дурро он имтиҳонкун боздод.
ӯ ҳамин гуфту ҳама мирон ҳамин,
Ҳар якеро хилъате дод ӯ самин.
Ҷомагиҳошон ҳамеафзуд шоҳ,
Он хасисонро бибурд аз раҳ ба ҷоҳ.
Инчунин гуфтанд панҷаҳ-шаст асир,
Ҷумла як-як ҳам ба тақлиди вазир.
Гарчи тақлид аст устуни ҷаҳон,
Ҳаст расво ҳар муқаллид з-имтиҳон.

172/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj