Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Қасди шоҳ ба куштани умаро ва шафоат кардани Аёз пеши тахти султон, ки «ал-ъафву авло»

Пас Аёзи меҳрафзо барҷаҳид,
Пеши тахти он улуғ султон давид,
Саҷдае карду гулӯи худ гирифт,
К-эй Қубоде, к-аз ту чарх орад шигифт.
Эй ҳумое, ки ҳумоёнфаррухӣ
Аз ту доранду саховат ҳар сахӣ.
Эй кариме, ки карамҳои ҷаҳон
Маҳв гардад пеши исорат ниҳон.
Эй латифе, ки гули сурхат бидид,
Аз хиҷолат пераҳанро бардарид.
Аз ғафурии ту ғуфрон чашмсер,
Рӯбаҳон бар шер аз афви ту чир.
Ҷуз ки афви ту киро дорад санад?
Ҳар кӣ бо амри ту бебокӣ кунад.
Ғафлату густохии ин муҷримон
Аз вуфури авфи туст, эй афвлон.
Доимо ғафлат зи густохӣ дамад,
Ки барад таъзим аз дида рамад.
Ғафлату нисёни бад омӯхта,
З-оташи таъзим гардад сӯхта.
Ҳайбаташ бедориву фитнат диҳад,
Саҳву нисён аз дилаш берун ҷаҳад.
Вақти ғорат хоб н-ояд халқро,
То бинарбояд касе з-ӯ далқро.
Хоб чун дармерамад аз бими далқ,
Хоби нисён кай бувад бо бими ҳалқ?
«Ло туаххиз ин насайно» шуд гувоҳ,
Ки бувад нисён ба ваҷҳе ҳам гуноҳ.
З-он ки истикмоли таъзим ӯ накард
В-арна нисён дарнаёвардӣ набард.
Гарчи нисён лобуду ночор буд,
Дар сабаб варзидан ӯ мухтор буд.
Ки таҳовун кард дар таъзимҳо,
То ки нисён зод, ё саҳву хато.
Ҳамчу масте, к-ӯ ҷиноятҳо кунад,
Гӯяд ӯ маъзур будам, бе зи х(в)ад.
Гӯядаш лекин сабаб, эй зишткор,
Аз ту буд дар рафтани он ихтиёр.
Бехудӣ н-омад ба худ, ту-ш хондӣ,
Ихтиёрат худ нашуд, ту-ш рондӣ.
Гар расидӣ мастие бе ҷаҳди ту,
Ҳифз кардӣ соқии ҷон аҳди ту.
Пуштдорат будӣ ӯву узрхоҳ,
Ман ғуломи заллати масти Илоҳ.
Афвҳои ҷумла олам заррае,
Акси афват, эй зи ту ҳар баҳрае.
Афвҳо гуфта санои афви ту,
Нест «куфваш» «аййюҳа-н-нос! Иттақу».
Ҷонашон бахшу зи худшон ҳам марон,
Комширини туанд, эй комрон!
Раҳм кун бар вай, ки рӯйи ту бидид,
Фурқати талхи ту чун хоҳад кашид?
Аз фироқу ҳаҷр мегӯйӣ сухун,
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.
Садҳазорон марги талхи шасттӯ
Нест монанди фироқи рӯйи ту.
Талхии ҳаҷр аз зукуру аз унос
Дур дор, эй муҷримонро мустаъос!
Бар умеди васли ту мурдан х(в)аш аст,
Талхии ҳаҷри ту фавқи оташ аст.
Габр мегӯяд миёни он сақар:
Чӣ ғамам будӣ, гарам кардӣ назар?
К-он назар ширинкунандай ранҷҳост,
Соҳиронро хунбаҳои дасту пост.

Саҳифаи 175/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵