Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Муҷрим донистани Аёз худро дар ин шафоатгарӣ ва узри ин ҷурм хостан ва дар он узргӯйӣ худро муҷрим донистан ва ин шикастагӣ аз шинохту азамати шоҳ хезад, ки «ано аъламукум биллоҳ ва ахшайкум лиллоҳ ва қолаллоҳу таъоло: иннамо яхшаллоҳа мин ибодиҳи-л-уламоъу»

Ман кай орам раҳм хилмолудро?
Раҳ намояд ҳилм илмандудро?
Садҳазорон сафъро арзониям,
Гар забуни сафъҳо гардониям.
Ман чӣ гӯям пешат? Эъломат кунам?
Ё ки воёдат диҳам шарти карам?
Он чӣ маълуми ту набвад, чист он?
В-он чӣ ёдат нест, ку андар ҷаҳон?
Эй ту пок аз ҷаҳлу илмат пок аз он,
Ки фаромӯше кунад бар вай ниҳон.
Ҳеч касро ту касе ангоштӣ,
Ҳамчу хуршедаш ба нур афроштӣ.
Чун касам кардӣ, агар лоба кунам,
Мустамеъ шав лобаамро аз карам.
З-он ки аз нақшам чу берун бурдаӣ,
Он шафоат ҳам ту худро кардаӣ.
Чун зи рахти «ман» тиҳӣ гашт ин ватан,
Тарру хушки хона набвад они ман.
Ҳам дуъо аз ман равон кардӣ чу об,
Ҳам наботаш бахшу дораш мустаҷоб.
Ҳам ту будӣ аввал орандай дуъо,
Ҳам ту бош охир иҷобатро риҷо.
То занам ман лоф, к-он шоҳи ҷаҳон,
Баҳри банда афв кард аз муҷримон.
Дард будам сар ба сар ман худписанд,
Кард шоҳам доруи ҳар дардманд.
Дӯзахӣ будам пур аз шӯру шаре,
Кард дасти фазли ӯям Кавсаре.
Ҳар киро сӯзид дӯзах дар қавад,
Ман бирӯёнам дигар бор аз ҷасад.
Кори Кавсар чист, ки ҳар сӯхта
Гардад аз вай нобиту андӯхта.
Қатра-қатрай ӯ мунодии карам,
К-он чӣ дӯзах сӯхт, ман бозоварам.
Ҳаст дӯзах ҳамчу сармои хазон,
Ҳаст Кавсар чун баҳор, эй гулситон!
Ҳаст дӯзах ҳамчу маргу хоки гӯр,
Ҳаст Кавсар бар мисоли нафхи сур.
Эй зи дӯзах сӯхта аҷсоматон,
Сӯйи Кавсар мекашад икроматон.
Чун «халақту-л-халқа кай юрбаҳ алайй»,
Лутфи ту фармуд, эй қайюми ҳайй!
«Ло лиан арбаҳ алайҳим» ҷуди туст,
Ки шавад з-ӯ ҷумла ноқисҳо дуруст.
Афв кун з-ин бандагони танпараст,
Афв аз дарёи афв авлотар аст.
Афви халқон ҳамчу ҷӯву ҳамчу сайл
Ҳам бад-он дарёи худ тозанд хайл.
Афвҳо ҳар шаб аз ин дилпораҳо,
Чун кабӯтар сӯйи ту ояд, шаҳо!
Бозашон вақти саҳар паррон кунӣ,
То ба шаб маҳбуси ин абдон кунӣ.
Парзанон бори дигар дар вақти шом
Мепаранд аз ишқи он айвону бом.
То ки аз тан тори вуслат бискуланд,
Пеши ту оянд, к-аз ту муқбиланд.
Парзанон, эмин зи раҷъи сарнигун,
Дар ҳаво, к- «инно илайҳи роҷиъун».
Бонг меояд «таъолав» з-он карам,
Баъд аз он риҷъат, намонд он ҳирсу ғам.
Бас ғарибиҳо кашидит аз ҷаҳон,
Қадри ман дониста бошед, эй меҳон.
Зери сояй ин дарахтам, масти ноз,
Ҳин, бияндозед поҳоро дароз.
Пойҳои пуръано аз роҳи дин
Бар канору дасти ҳурон холидин.
Ҳуриён гашта муғаммиз, меҳрубон,
К-аз сафар бозомаданд ин сӯфиён.
Сӯфиёни софиён чун нури х(в)ар
Муддате афтода бар хоку қазар.
Беасар пок аз қазар бозомаданд
Ҳамчу нури хур сӯйи қурси баланд.
Ин гурӯҳи муҷримон ҳам, эй маҷид,
Ҷумла сарҳошон ба деворе расид.
Бар хатову ҷурми худ воқиф шуданд,
Гарчи моти каъбатайни шаҳ буданд.
Рӯ ба рӯ гарданд акнун аҳкунон,
Эй ки лутфат муҷримонро раҳкунон.
Роҳ деҳ олудагонро, ал-ъаҷал,
Дар Фуроти афву айни муғтасал.
То ки ғусл оранд з-он ҷурми дароз,
Дар сафи покон раванд андар намоз.
Андар он сафҳо зи андоза бурун
Ғарқагони нури «наҳну-с-софувун».
Чун сухан дар васфи ин ҳолат расид,
Ҳам қалам бишкасту ҳам коғаз дарид.
Баҳрро паймуд ҳеч ускуррае?
Шерро бардошт ҳаргиз баррае?
Гар ҳиҷоб астат, бурун рав з-эҳтиҷоб,
То бибинӣ подшоҳии уҷоб.
Гарчи бишкастанд ҷомат қавми маст,
Он ки маст аз ту бувад, узреш ҳаст.
Мастии эшон ба иқболу ба мол,
На зи бодай туст? Эй ширинфиъол!
Эй шаҳаншаҳ, масти тахсиси туанд,
Афв кун аз масти худ, эй афвманд!
Лаззати тахсиси ту вақти хитоб
Он кунад, ки н-ояд аз сад хум шароб.
Чунки мастам кардаӣ, ҳаддам мазан,
Шаръ мастонро набинад ҳад задан.
Чун шавам ҳушёр, он гоҳам бизан,
Ки нахоҳам гашт худ ҳушёр ман.
Ҳар кӣ аз ҷоми ту хӯрд, эй зулминан,
То абад раст аз ҳушу аз ҳад задан.
«Холидина фӣ фанои сукриҳим,
Ман тафонӣ фӣ ҳавокум, лам яқум».
Фазли ту гӯяд дили моро, ки рав,
Эй шуда дар дӯғи ишқи мо гарав.
Чун магас дар дӯғи мо афтодаӣ,
Ту найӣ маст, эй магас, ту бодаӣ.
Каргасон маст аз ту гарданд, эй магас,
Чунки бар баҳри асал ронӣ фарас.
Кӯҳҳо чун зарраҳо сармасти ту,
Нутфаву паргору хат дар дасти ту.
Фитна, ки ларзанд аз ӯ, ларзони туст,
Ҳар гаронқимат гуҳар арзони туст».
Гар Худо додӣ маро понсад даҳон,
Гуфтаме шарҳи ту, эй ҷону ҷаҳон!
Як даҳон дорам ман, он ҳам мункасир,
Дар хиҷолат аз ту, эй донои сир!
Мункасиртар худ набошам аз адам,
К-аз даҳонаш омадастанд ин умам.
Садҳазор осори ғайбӣ мунтазир,
К-аз адам берун ҷаҳад бо лутфу бир.
Аз тақозои ту мегардад сарам,
Эй бимурда ман ба пеши он карам.
Рағбати мо аз тақозои ту аст,
Ҷазбаи Ҳаққ аст, ҳар ҷо раҳрав аст.
Хок бе боде ба боло барҷаҳад?
Киштие бе баҳр по дар раҳ ниҳад?
Пеши оби зиндагонӣ кас намурд,
Пеши обат оби ҳайвон аст дурд.
Оби ҳайвон қиблаи ҷондӯстон,
З-об бошад сабзу хандон бӯстон.
Маргошомон зи ишқаш зиндаанд,
Дил зи ҷону оби ҷон баркандаанд.
Оби ишқи ту чу моро даст дод,
Оби ҳайвон шуд ба пеши мо касод.
З-оби ҳайвон ҳаст ҳар ҷонро навӣ,
Лек оби оби ҳайвонӣ тувӣ.
Ҳар даме маргеву ҳашре додиям,
То бидидам дастбурди он карам.
Ҳамчу хуфтан гашт ин мурдан маро
З-эътимоди баъс кардан, эй Худо!
Ҳафт дарё ҳар дам ар гардад сароб,
Гӯш гирӣ, овариш, эй оби об!
Ақл ларзон аз аҷал в-он ишқи шӯх,
Санг кай тарсад зи борон чун кулӯх?
Аз сиҳофи маснавӣ ин панҷум аст,
Дар буруҷи чархи ҷон чун анҷум аст.
Раҳ наёбад аз ситора ҳар ҳавос
Ҷуз ки киштибони исторашинос.
Ҷуз назора нест қисми дигарон,
Аз суъудаш ғофиланду аз қирон.
Ошноӣ гир шабҳо то ба рӯз
Бо чунин истораҳои девсӯз.
Ҳар яке дар дафъи деви бадгумон
Ҳаст нафтандози қалъай осмон.
Ахтар ар бо дев ҳамчун ақраб аст,
Муштариро ӯ валийу-л-ақраб аст.
Қавс агар аз тир дӯзад девро,
Далв пуроб аст заръу мевро.
Ҳут агарчи киштии ғай бишканад,
Дӯстро чун савр киштӣ мекунад.
Шамс агар шабро бидаррад чун асад,
Лаълро з-ӯ хилъати атлас расад.
Ҳар вуҷуде, к-аз адам бинмуд сар,
Бар яке заҳр асту бар дигар шакар.
Дӯст шав в-аз хӯйи нохуш шав барӣ,
То зи хумрай заҳр ҳам шаккар х(в)арӣ.
З-он нашуд Форуқро заҳре газанд,
Ки буд он тарёқи форуқиш қанд.

177/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj