|
Тафсири «инни аро сабъ бифаротин самонин яъкулуҳунна сабъун иҷофан», он говони лоғарро Худо ба сифати шерони гурусна офарида буд, то он ҳафт гови фарбеҳро ба иштиҳо мехӯрданд, агарчи он хаёлоти сувари говон дар ойинаи хоб бинамуданд, ту маънӣ бигирОн Азизи Миср медидӣ ба хоб, Чунки чашми ғайбро шуд фатҳи боб. Ҳафт гови фарбеҳи бас парварӣ, Хӯрдашон он ҳафт гови лоғаре. Дар дарун шерон буданд он лоғарон В-арна говонро набудандӣ х(в)арон. Пас, башар омад ба сурат марди кор, Лек дар вай шер пинҳон, мардхор. Мардро хуш вохурад, фардаш кунад, Соф гардад дурдаш, ар дардаш кунад. З-он яке дард ӯ зи ҷумлай дардҳо Вораҳад, по барниҳад ӯ бар суҳо. Чанд гӯйӣ ҳамчу зоғи пурнуҳус: Эй Халил, аз баҳри чӣ куштӣ хурӯс? Гуфт: «Фармон», ҳикмати фармон бигӯ, То мусаббиҳ гардам онро мӯ ба мӯ.
Саҳифаи 42/177 |